барқияҳо
БАРҚИЯИ ШОДБОШ БА АЛМАЗБЕК АТАМБОЕВ
31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Муҳтарам, Алмазбек Шаршенович,
Солгарди Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Қирғизистон ба ман имконияти хуберо фароҳам овардааст, ки Шумо ва тамоми мардуми кишваратонро бо ин рӯйдоди муҳим табрик намоям.
Мутмаинам, ки муносибатҳои анъанавии дӯстонаи байни кишварҳоямон, ки дорои таърихи бисёрасра ҳастанд, дар оянда низ ба манфиатҳои халқҳоямон инкишоф ва таҳким меёбанд.
Тоҷикистон омода аст робитаҳои зичу асоснокро, ки бо принсипҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод асос ёфтаанд, бо Қирғизистон роҳандозӣ намуда, ният дорад барои густариши устувор ва динамикии ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳар ду ҷониб тамоми корҳои заруриро анҷом диҳад.
Ба Шумо, муҳтарам Алмазбек Шаршенович, сиҳатмандӣ ва комёбиҳои минбаъда орзу намуда, ба халқи бародари қирғиз тамоми хушиву шукуфоиро таманно дорам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 1.09.2015 №: 177 Мутолиа карданд: 6210