маориф
РӮЗИ ДОНИШ ДАР «ДАРГОҲИ УМЕД»
1 сентябр дар Литсеи касбии махсуси маъюбони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи дониш ва соли нави таҳсил баргузор гардид.
Тамоми омӯзгорон, ҳунаромӯзон ва волидон дар саҳни ҳавлии муассиса тариқи телевизион суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб бо таваҷҷуҳу камоли майл тамошо намуданд ва таассуроти зиёд гирифтанд.
Шаҳобиддин Мирзоаҳмадов, ёрдамчии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ҳангоми шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия, аз ҷумла азназагузаронии синфхонаҳо, хобгоҳи муассиса ва умуман омодагии литсей барои қабули ҳунаромӯзон хонандагонро барои таҳсили хубу аъло ҳидоят намуд.
Мавлуда Саидаҳмадзода, директори литсей таъкид кард, ки туфайли ғамхории давлату Ҳукумат шароити таълимгоҳ барои ҳунаромӯзӣ ва таҳсилу зист беҳтару бештар гашта, аз шогирдон танҳо саъйу кӯшиш ва хоҳиши омӯзиши касбу ҳунарро тақозо менамояд.
З. САФАРЗОДА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.09.2015 №: 179 Мутолиа карданд: 1238