маориф
ТАҶЛИЛ ДАР САТҲИ БАЛАНД БУД
Рӯзи дониши имсола барои донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов аз рӯйдодҳои хотирмон буд. Донишҷӯён ва кормандони ин муассисаи таълимӣ ба воситаи телевизион суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба Рӯзи дониш диданду шуниданд. Сипас, меҳмонон, шахсиятҳои маъруфи кишвар, собиқ хатмкунандагони таълимгоҳ бо табрики шогирдону устодон аз 70 соли коллеҷ ёдовар шуданд. Аз ҷумла, изҳор доштанд, ки дар ин муддат собиқ муҳассилин дар соҳаҳои гуногун, махсусан соҳаи фарҳанг фаъолияти чашмрасу пурсамар доштанду доранд.
Дар ин рӯз, ҳамчунин хобгоҳи наву замонавӣ, ки рӯ ба рӯи таълимгоҳ бунёд ёфтааст, ба истифода дода шуд. Дар он барои 70 нафар донишҷӯи ниёзманд имкониятҳои хуби зиндагиро фароҳам овардаанд.
Абдулваҳҳоб Оқилзода, сарвари таълимгоҳи мазкур, зимни суҳбат иброз дошт, ки дар ояндаи наздик дар паҳлуи хобгоҳ боз як бинои дигар бунёд меёбад. Мақсад аз фароҳам овардани чунин имкониятҳо ҷалби толибилмон аз дигар манотиқи кишвар ва боло бурдани сатҳи таълиму тарбия мебошад.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.09.2015 №: 179 Мутолиа карданд: 1224