барқияҳо
БАРҚИЯИ ШОДБОШ БА ИСЛОМ КАРИМОВ
1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам Ислом Абдуғаниевич,
Бо хушҳолии бузург ба Шумо ва ба тамоми мардуми Ӯзбекистон ба муносибати солгарди иди миллии кишваратон - Рӯзи истиқлолият табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти худ-ро ирсол медорам.
Мардумони моро риштаҳои қавии дӯстӣ ва ҳамсоягии нек муттаҳид намуда, робитаҳои таърихан таркибёфтаи маънавию фарҳангие ба ҳам мепайванданд, ки барои рушди муваффақонаи муколамаи байнидавлатӣ ва ҳамкорӣ заминаи боэътимод бояд бошанд.
Тоҷикистон ба рушди бемайлони ҳамкории бисёрҷонибаи миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон аҳамияти бузург медиҳад ва барои рушди минбаъда ва пурмуҳтаво намудани мундариҷаи он талош меварзад. Дар солҳои охир афзалият пайдо кардани ҷараёни нек дар муносибатҳои дуҷониба барои рушди минбаъдаи ин муносибатҳо заминаи хуб мегузорад.
Бо истифода аз фурсати муносиб, мехостам, қарори қатъии моро барои истифодаи ҳамаи имкониятҳо баҳри рушди минбаъда ва тақвият бахшидан ба муносибатҳои дуҷонибаи мутақобилаи миёни ҳарду давлат таъкид кунам. Омода ҳастам, ки якҷоя бо Шумо ҷидду ҷаҳди ҳарчи бештари худро баҳри устувор кардан ва тақвият бахшидан ба анъанаҳои чандинасраи дӯстии миёни халқҳоямон ва ёрии ҳамдигарӣ истифода барам.
Ба Шумо, муҳтарам Ислом Абдуғаниевич, саломатии қавӣ, саодати зиндагӣ ва муваффақиятҳои нав ба нав дар пешрафти кишвари Ӯзбекистон ва ба халқи дӯсти Ӯзбекистон сулҳу рафоҳат таманно дорам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.09.2015 №: 179 Мутолиа карданд: 6272