logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ СУДМАНДИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШИ ЛИ РОН ВА СИЕ ФУ ҶАН

Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо президенти ширкати «ZTE» Ши Ли Рон мулоқот анҷом дод.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти ин ширкат аз сатҳи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карда, масъалаи рушди муносибатҳо барои истифодаи имкониятҳои нав дар самти воридот ва таҷҳизонидани технологияи пешрафтаи телекоммуникатсионӣ ба соҳаи алоқаи Тоҷикистонро баррасӣ намуд. Ин дуюмин ва калонтарин ширкати истеҳсолкунандаи таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ ва телефонҳои мобилӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, ки соли 1985 таъсис дода шудааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ филиали ширкати «ZTE»  таъсис ёфта буд ва баъдан ҳамчун шахси ҳуқуқии алоҳида – Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «ЗТИ Тоҷикистон» ба фаъолият оғоз кард.
ҶДММ «ЗТИ Тоҷикистон» ба воридоти таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ ва телефонҳои мобилӣ, фурӯши онҳо, тарҳрезӣ ва таъсиси шабакаҳои алоқаи барқӣ, таъмини қисмҳои эҳтиётии таҷҳизоти соҳаи алоқа, хизматрасонии минбаъдаи техникии шабакаҳо, таъминоти барномавии шабакаи алоқаи барқӣ машғул мебошад. Аз соли 2009 дар соҳаи алоқаи барқӣ иҷозатномаҳоро барои хизматрасонӣ, истеҳсол ва насби шабакаҳо, системаҳо, дастгоҳҳои алоқаи барқӣ, радиоалоқа, радиошунавонӣ ва телевизион, банақшагирӣ, сохтмон, истифодабарии шабакаҳо, воситаҳои алоқаро амалӣ менамояд.
Дастгоҳи марказии ширкат дар Ҷумҳурии Мардумии Чин фаъолият намуда, зиёда аз 100 филиал ва ё ширкатҳои алоҳидаро бо саҳмгузории ширкати «ZTE»  дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ таъсис додааст.

2 сентябр, нимаи дуюми рӯз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон губернатори музофоти Хэнани Ҷумҳурии Мардумии Чин  Сие Фу Ҷанро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масъалаи рушди ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон бо ин музофоти Чин дар самти рушди бахши агросаноатӣ баррасӣ шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки бо таваҷҷуҳ ба имконоти васеи ин музофот барои воридоти технологияи муосир, бунёди корхонаи коркарди нуриҳои минералӣ дар Тоҷикистон, дастрасии заҳрхимикатҳо барои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар таҷҳизот барои коркарди маҳсулот ба Тоҷикистон ҳамкориҳоро густариш медиҳанд.
Губернатори музофоти Хэнан аз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал овард, ки барои шиносоии наздик аз имконоту дастовардҳои сокинони музофот ва таҷрибаи пешқадами онҳо бо сафари корӣ ташриф орад.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.09.2015    №: 180    Мутолиа карданд: 1187
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед