мулоқотҳо
ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЛЮ ШИЮЙ
2 сентябр дар қароргоҳи Дяоюйтайи шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои директорони Бонки кишоварзии Чин Лю Шиюйро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ бо ин бонки бонуфузи Чин баррасӣ гардиданд.
Дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чин изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки сол ба сол муносибатҳои дӯстию ҳамкории мо сатҳу сифат ва мазмуну муҳтавои навро касб менамоянд ва иштироки фаъоли Бонки кишоварзии Чин дар баробари дигар ниҳодҳои молиявию иқтисодии чинӣ дар татбиқи барномаву лоиҳаҳои гуногуни сармоягузории Тоҷикистон ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад буд.
Иттилоъ дода шуд, ки Бонки кишоварзии Чин дар асоси созишнома “Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” аз 13 сентябри соли 2014 бо маблағи 100 миллион доллари амрикоӣ баимзорасида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои мушаххас, аз ҷумла дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ бо Маркази сармоягузорӣ ҷалби мутахассисону коршиносони бахши бонкдории тоҷик дар машваратҳои омӯзишӣ дар Чин, маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои соҳаи кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нав ва дигар тадбирҳоро амалӣ кардааст.
Ҷонибҳо зикр намуданд, ки дар доираи ҳамкории миёни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Агроинвестбонк» бо Маркази сармоягузории Бонки кишоварзии Чин масъалаи омода намудани барномаҳо барои маблағгузории лоиҳаҳо, аз ҷумла, барои рушди соҳаҳои боғутокпарварӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, беҳсозии шабакаи обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав мавриди баррасӣ қарор дорад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон масъалаи рушди ҳамкориҳои судманди Бонки кишоварзии Чин бо дигар бонкҳои Тоҷикистон, бахусус Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк»-ро низ зарур шумурд. Таваҷҷуҳи махсус ба содироти меваю сабзавоти хуштамъи кишвари мо, аз ҷумла гелоси Тоҷикистон ба Чин зоҳир гардид.
Дар ҷараёни суҳбат, ҳамчунин, дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо ба хотири рушди ҳамкориҳои судбахш баррасӣ шуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.09.2015 №: 180 Мутолиа карданд: 1234