мулоқотҳо
СЕРЖ САРГСЯН ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО БА АРМАНИСТОН ДАЪВАТ КАРД
14 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян вохӯрд.
Сарони ду давлати дӯст атрофи рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории судбахш табодули назар намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон Серж Саргсянро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори бовар кард, ки ташрифи меҳмони олимақом ба рушди муносиботи дуҷониба низ такон мебахшад.
Президенти Арманистон дар навбати худ сатҳи баланди раёсати Тоҷикистонро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таъкид намуда, изҳор дошт: “Мо дар чаҳорчӯби ҳамоишҳои минтақавию байналмилалӣ зиёд мулоқоту гуфтугӯ анҷом медиҳем ва вақти он расидааст, ки сафарҳои расмӣ низ роҳандозӣ карда, барои амалӣ намудани тавофуқоти ҳосилнамудаамон талош варзем”. Аз ин хотир, Серж Саргсян аз Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки ба Арманистон сафари расмӣ анҷом диҳад.
Тавре зикр гардид, миёни Тоҷикистону Арманистон то ҳол беш аз 20 санад, аз ҷумла доир ба ташкил ва густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, илм ва фарҳанг ба имзо расидааст.
Гуфтугӯйи судманд доир ба ҳамгироии сиёсию амниятии Тоҷикистону Арманистон, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигар иттиҳодияҳои минтақавию ҷаҳонӣ низ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.09.2015 №: 187 Мутолиа карданд: 1189