мулоқотҳо
ПРЕЗИДЕНТИ БЕЛАРУС БА ТАДБИРҲОИ АМНИЯТИИ ТОҶИКИСТОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД
14 сентябр зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко масоили рушди муносиботи дӯстӣ ва тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ ёфтанд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: “Мо ба мардуми бародари Беларус таваҷҷуҳи самимӣ дорем ва ба дӯстии анъанавии мардумони ду кишвар арҷ мегузорем”.
Эмомалӣ Раҳмон аз муҳтавои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус изҳори қаноат карда, таъкид дошт, ки муносиботи ду мамлакат кайҳо боз хислатҳои шарикии стратегиро касб намудаанд. Изҳори бовар шуд, ки бо талошҳои муштараки ду ҷониб сатҳи ҳамкории мутақобилан судбахш ба қуллаҳои баланд расонда мешавад.
Александр Лукашенко ба заҳмат-кашӣ ва меҳмоннавозии самимии роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон баҳои баланд дода, аз ҷумла ду ва зиёда ҳосил рӯёндани кишоварзони тоҷикро “дастоварди бузург” номид.
Президенти Беларус ба тадбирҳои амниятии Тоҷикистон ишора карда, таъкид дошт: “Шумо бо ҷавонмардию ҷасорати беандоза барои нигоҳдорӣ ва таҳкими сулҳу субот ҳамеша мубориза мебаред, то ки мардуми кишвар зиндагии орому осуда ва заҳмати созанда дошта бошанд. Мо дар навбати худ омодаем ҳар кумаке, ки метавонем, ҳар лаҳза ба Шумо расонем”.
Дар идомаи суҳбат барои пешгирӣ аз коҳишёбии минбаъдаи ҳаҷми тиҷорати дуҷониба, ки тайи ду соли охир ба назар мерасад, фаъолсозии бештари Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ зарур дониста шуд.
Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ дар бахшҳои агросаноатӣ, мошинсозӣ, нақлиёт, энергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ ва ғайра бояд ҷоннок карда шавад.
Ҷонибҳо бар зарурати татбиқи босамари Барномаи байнидавлатии рушди ҳамкорӣ барои давраи то соли 2020, роҳандозии робитаҳои мустақими миёни минтақаҳои ду кишвар, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва паркҳои технологӣ дар Тоҷикистон таъкид доштанд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, Шарқи Наздик ва дигар минтақаҳои доғи ҷаҳон ва ҳамкории байналмилалии Тоҷикистону Беларус сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.09.2015 №: 187 Мутолиа карданд: 1290