logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Тавилдара, 4 октябри соли 2008

Тадбирҳои марбут ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ мегарданд

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Се рӯз шуд, ки мо бо мақсади шиносоии наздик бо вазъи воқеии зиндагии сокинони сарбаланди ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва Ҷиргатолу Тавилдара, инчунин раванди татбиқи амру фармонҳои Президент ва қарору фармоишҳои Ҳукумати кишвар дар водии файзбори Рашт қарор дорем.
Дар ҷараёни боздид аз аксари ноҳияҳои водӣ, аз ҷумла ноҳияи Тавилдара итминон ҳосил кардем, ки сиёсати пешгирифтаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа татбиқи амалӣ пайдо намуда, самараҳои нек ба бор оварда истодааст.
Натиҷаҳои неки ин сиёсат, қабл аз ҳама пойдору устувор будани сулҳу суботи ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва нисбат ба солҳои пешин хеле беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, инчунин бар асари вусъат ёфтани созандагиву бунёдкорӣ торафт беҳтар гардидани шароити хизматрасонии иншооти таъиноти иҷтимоӣ ва ободу зебо гардидани шаҳраку деҳот ва ноҳияҳо мебошад, ки мо ин самтҳоро ҳадафи асосии худ қарор додаем.
Барои амалӣ гардидани ин ҳадафҳо ва таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Тавилдара дар давоми зиёда аз даҳ соли охир Ҳукумати мамлакат аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ беш аз 31 миллион сомонӣ сарф кардааст. Дар тӯли 17 соли истиқлолият танҳо дар соҳаи сохтмони асосии ноҳия аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ зиёда аз 13 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст. Бо вуҷуди нооромиҳо ҳанӯз соли 1995-ум  мо дар қаламрави ноҳия ба бунёди роҳу пулҳо шурӯъ карда будем.
Ҷиҳати фароҳам овардани шароити зарурӣ барои робитаи аҳолӣ бо дигар минтақаҳои мамлакат ва кишварҳои хориҷӣ, инчунин пахши барномаҳои телевизионӣ бо иқдоми Ҳукумати кишвар дар ноҳия дастгоҳҳои муосири алоқа ва қабулу пахши мавҷҳои телевизиону радио низ насб гардида буданд, ки ҳоло ба мардум ба таври шоиста хизмат расонида истодаанд.
Дар баробари ин, тавре ки шумо медонед, дар давоми солҳои 1998-2000-ум аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи татбиқи лоиҳаи барқарорсозии баъди низоъ, ки маблағи умумии он 40 миллион сомониро ташкил медод, дар маҷмӯъ дар водии Рашт 317 иншоот, аз ҷумла дар ҳудуди ноҳияи Тавилдара бо сарфи беш аз 10 миллион сомонӣ 88 иншоот бунёд ва таъмиру тармим карда, ба истифода супурда шуд. Дар доираи лоиҳаи зикршуда дар ноҳия 9 пул, 36 муассисаи маорифу тандурустӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ, 39 иншооти таъминоти барқ ва обрасонӣ барқарор карда шуданд.
Дар асоси Барномаи дуюми паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар солҳои 2002-2007-ум дар  ноҳия  11 лоиҳаи хурди сармоягузорӣ амалӣ карда шуд, ки дар доираи онҳо барқарорсозии пули мошингузар, сохтмони нерӯгоҳи хурди барқи обӣ, сохтмону азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардани як қатор мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ, мусоидат ба рушди занбӯриасалпарварӣ, татбиқи тадбирҳои марбут ба ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳити зист сурат гирифтанд.
Дар доираи лоиҳаҳои таҷдиди соҳаи маориф ва таҳсилот барои ҳама беш аз 50 номгӯй китобҳои дарсӣ ба хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Тавилдара дастрас карда шуданд.
Мо хуб медонем, ки зиндагӣ дар шароити кӯҳистон чандон осон нест. Аз ин рӯ, барои рушди соҳаҳои кишоварзиву чорводорӣ, боғдориву занбӯриасалпарварӣ барномаҳои махсуси ҳукуматӣ қабул карда, барои пешрафту инкишофи соҳибкории хурду миёна дар ноҳияҳои кӯҳистон бо роҳи пешниҳоди қарзҳои хурди бонкӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодаем.
Аз моҳи июни соли 2006 дар ноҳия лоиҳаи Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат “Оид ба кам кардани оқибатҳои иҷтимоии муҳоҷират барои оилаҳои муҳоҷирони меҳнатие, ки дар Тоҷикистон маскан доранд” амалӣ гардида истодааст.
Дар доираи лоиҳаи мазкур дар ҷамоати Чилдараи ноҳияи Тавилдара Маркази дастгирии занбӯриасалпарварӣ таъсис дода, бо асбобҳои занбӯрпарвариву асалкашӣ, сех ва маводи таълимӣ таъмин карда шудааст. Ҳадафи асосии лоиҳа бо роҳи таъсис додани ҷойҳои нави корӣ паст кардани оқибатҳои иҷтимоии муҳоҷират мебошад.
Дар доираи амалӣ намудани чунин тадбирҳо инчунин дар ноҳияи Тавилдара бо иқдому дастури Ҳукумати мамлакат аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣ дар тӯли 8 соли охир зиёда аз ёздаҳуним миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд. Дар робита ба масъалаи қарздиҳӣ ҳамчунин бояд зикр кард, ки Ҳукумати кишвар бо мақсади ҳифзи аҳолӣ аз офатҳои табиӣ ва ба мавзеъҳои бехавф кӯчонидани сокинони таҳти хатар қарордошта танҳо дар ноҳияи Тавилдара дар тӯли 7 соли охир қариб 80 хонаводаро ба ҷойҳои бехавф кӯчонида, онҳоро дар баробари кӯмаки пулӣ ба андозаи  муайян бо қарзҳои имтиёзнок таъмин намуд.
Бояд таъкид кард, ки ноҳияи Тавилдара аз ҷиҳати масоҳат, захираҳои гидроэнергетикӣ, сарватҳои зеризаминӣ ва замини кишт нисбат ба дигар ноҳияҳои водии Рашт бартарии зиёд дошта, дар қаламрави он имконияти рушди соҳаҳои энергетикаву саноат ва кишоварзӣ васеътар аст.
Бо мақсади дар оянда мавриди истифода ва истихроҷ қарор додани  конҳои ангишти «Миёнаду», маъданҳои кӯҳии «Сангвори боло», «Банди  сари об» ва «Румрӣ» ҳоло Ҳукумати мамлакат барои омӯзиши геологии онҳо ба чор корхонаи саноатӣ  иҷозатнома додааст. Масалан, корхонаи “Вуромун” аз соли 2001 инҷониб бо истихроҷу истеҳсоли ангишт машғул аст ва метавонад талаботи натанҳо ноҳия, балки дигар ноҳияҳои гирду атрофро қонеъ созад. Корхонаи мазкур танҳо соли ҷорӣ қариб чор ҳазор тонна ангишт истеҳсол намуда, онро ба ташкилоту идораҳои давлатӣ, муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва аҳолӣ ба фурӯш баровардааст.
Бояд зикр кард, ки ҳоло дар ҳудуди ноҳия панҷ нерӯгоҳи хурди барқӣ бо иқтидори 136 киловатт мавҷуд буда, тибқи Барномаи бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои барқӣ барои солҳои 2008-2020 бунёди панҷ нерӯгоҳи хурди барқи обии дигар бо иқтидори умумии 760 киловатт-соат дар назар гирифта шудааст.
Ҳамзамон бо ин, дар робита ба бунёди ду нерӯгоҳи барқи обӣ, яъне “Урфат” ва “Сангвор” бо иқтидори мутаносибан 400 ва 800 мегаватт дар дарёи Обихингоб гуфтушунидҳо ва корҳои омӯзишӣ бо сармоягузорони хориҷӣ оғоз ёфтаанд.
Бо дарназардошти ин нукта, ба Вазорати энергетика ва саноат, Ширкати “Барқи тоҷик” супориш дода мешавад, ки таъмиру азнавсозии хати интиқоли барқи Шугнов-Тавилдара, инчунин бунёди хати интиқоли барқро ба 18 деҳаи дурдасти ноҳия дар солҳои оянда ба нақша гиранд.
Итминон дорам, ки дар оянда баробари ба истифода дода шудани конҳои маъдан ва нерӯгоҳҳои зикршуда дар ноҳия соҳаи саноат низ тараққӣ карда, шиддати масъалаи бекорӣ хеле паст хоҳад шуд.
Дар айни ҳол ба вазоратҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, энергетика ва саноат, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия зарур аст, ки доир ба ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ ва ба сохтмони иншооти дорои аҳамияти умумиҷумҳуриявӣ, аз ҷумла ба бунёди нерӯгоҳҳо ва роҳҳо ҷалб намудани сокинони ноҳия чораҷӯӣ намоянд.
Тавре ки таъкид намудам, дар айни ҳол дар ноҳия беш аз дуюним ҳазор гектар замини корами обӣ мавҷуд аст, ки барои рушди соҳаи кишоварзӣ мувофиқ мебошад. Дар давоми 17 соли истиқлолият бо сарфи маблағҳои давлатӣ дар ҳудуди ноҳияи Тавилдара қариб 1000 гектар замини нав аз худ карда шуд, яъне барои чор ҳазор нафар аҳолӣ ҷои корӣ муҳайё гардид.
Дар асоси Қарори Ҳукумати  Тоҷикистон  аз 28 декабри соли 2006-ум  ва нақшаи тасдиқнамудаи он дар давоми солҳои 2008-2010-ум дар ноҳия  боз 1700 гектар замини нав аз худ карда хоҳад шуд, ки ин барои фароҳам овардани боз чор-панҷ ҳазор ҷои нави корӣ имкон медиҳад.
Дар  муқоиса бо  соли 1991-ум  майдони кишти зироатҳои ғалладона аз 230 ба 1700 гектар, картошка аз 95 ба 420, сабзавот аз 40 ба 90 ва боғ аз 110 гектар ба 500 гектар расонида шудааст. Дар натиҷа дар ин давра истеҳсоли ғалладона қариб 16 баробар, картошка - 15, сабзавот - 10 ва мева 24 баробар афзуд ва бо ҳамин роҳ даромади аҳолии ноҳия низ хеле зиёд гардид.
Мувофиқи Барномаи мақсадноки давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ, тадриҷан зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур, парвариши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010 дар ноҳия дар давоми чор сол бояд 83 гектар боғҳои нав бунёд карда шуда,  40 гектар боғҳои кӯҳна барқарор карда шаванд. Дар ин замина ҳоло 30 гектар боғи нав бунёд шуда, 18 гектар боғи кӯҳна барқарор гардидааст.
Дар баробари ин, Ҳукумати мамлакат барои дар ноҳияҳои кӯҳистон бештар густариш ёфтани соҳаҳои боғдорӣ ва занбӯриасалпарварӣ таваҷҷӯҳ ва ғамхории ҷиддӣ зоҳир мекунад. То имрӯз дар ноҳияи Тавилдара ба шахсоне, ки дар соҳаҳои зикршуда фаъолият доранд, зиёда аз 270 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудаанд ва метавон гуфт, ки идомаи ин иқдом барои пешрафти кору зиндагии онҳо мусоидат хоҳад кард.
Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2010-ум дар ноҳия бояд шумораи оилаи занбӯри асал соли ҷорӣ ба ҳафтуним ҳазор ва  истеҳсоли асал ба 366 тонна расонида шавад.
Ба Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия зарур аст, ки дар бораи зиёд гардонидани оилаи занбӯри асал ва иҷрои барномаи давлатии соҳа, ки дар ноҳия ба таъхир монда истодааст, тадбирҳои муассир андешанд.
Дар шароити кӯҳистон чорводорӣ манбаи хуби даромад аст. Аз ин рӯ, дар натиҷаи аз ҷониби давлат фароҳам овардани имконияту шароити мусоид барои рушду инкишофи он дар ноҳия  нисбат ба соли 1991-ум саршумори чорвои калон се маротиба, чорвои хурд – чор, занбӯри асал – шаш, паранда ду баробар ва истеҳсоли гӯшту шир, тухм ва асал ба таври бесобиқа афзудааст.
Шумо, ҳозирини гиромӣ, хуб медонед, ки яке аз ҳадафҳои муҳими давлати мо таъмини амнияти озуқавории кишвар мебошад.
Дар раванди ҷаҳонишавӣ, ки нархи маводи асосии озуқа торафт афзуда, талабот ба он бештар мегардад ва бозори истеъмолии кишварамон ҳанӯз аз молҳои воридотӣ вобастагӣ дорад, истифодаи оқилонаву самарабахши ҳар ваҷаб замин ва имкониятҳои истеҳсолу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аҳамияти ҳаётӣ дорад. Зеро таъминоти бозори дохилӣ ва эҳтиёҷоти аҳолӣ бо молу маводи истеҳсоли худӣ кафолати боэътимоди амнияти озуқавории мамлакат мебошад.
Имрӯз дар ноҳия дар маҷмӯъ 450 гектар замини президентӣ ба ихтиёр ва истифодаи шахсии сокинони ноҳия гузошта шудааст. Ҳоло 48 хоҷагии деҳқонӣ дорои замини корами обӣ буда, бо киштукор машғул мебошад.
Бо мақсади дастгирии деҳқонон ва беҳтар намудани сифати тухмии зироатҳои кишоварзӣ Ҳукумати мамлакат 15 сол инҷониб ба кишоварзони ноҳия дар таъминоти онҳо бо тухмии гандум, картошка, инчунин ниҳолҳои мевадиҳанда пайваста мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, бояд ҳар як сокини ноҳия, ки соҳиби як порча замин ва дорои имконияти кишт кардану истеҳсол намудани маҳсулот мебошад, аз шароити фароҳамовардаи давлат ва Ҳукумат истифода бурда, пеш аз ҳама барои бо маводи асосии озуқа, бахусус ғалладонаи истеҳсоли худӣ таъмин будани оилаи худ ва барои ду сол захира намудани он азму талош намояд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар ҷараёни омодагӣ ба сафари кории худ ба водии Рашт маълумоти оморӣ ва гузоришҳои мақомоти давлатиро доир ба вазъи тамоми соҳаҳои ҳаёти аҳолии ноҳияҳо, аз ҷумла ноҳияи Тавилдара таҳлил намуда, аз мушкилоту норасоиҳои мавҷуда бори дигар огоҳии ҳамаҷониба пайдо кардам ва ҳангоми боздиду вохӯриҳо, инчунин сӯҳбатҳо бо мардуми ноҳия низ ин мушкилотро мушоҳида кардам.
Аз ин рӯ, ҳар яке аз онҳоро батафсил шарҳу эзоҳ надода, балки барои бартараф кардани мушкилоти мавҷуда дар назди мақомоти дахлдор супоришҳои зерин гузошта мешаванд: 
1. Бо дарназардошти вазъи ногувори роҳҳо ва дар ҳудуди ноҳия вуҷуд надоштани муассисаи хизматрасонии нақлиётӣ ба Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тавилдара супориш дода мешавад, ки дар бораи таъмиру азнавсозии роҳҳои калони мошингард, аз ҷумла роҳи Лабиҷар-Миёнаду ва ташкили хизматрасонии нақлиётии аҳолии ноҳия тадбирҳои дахлдор андешанд.
2. Ба Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия, Кумитаи телевизион ва радио, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия супориш дода мешавад, ки доир ба васеъ гардонидани ҳудуди фарогирии шабакаи телевизионҳои марказӣ ва алоқа дар қаламрави ноҳияи Тавилдара тадбирҳо андешанд.
3. Ба Вазорати маориф, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия зарур аст, ки вазъи мактабҳои ноҳияро ҳамаҷониба омӯхта, барои рафъи камбудиву мушкилоти ҷойдошта чораҳои мушаххас андешида, онҳоро амалӣ намоянд.
4. Ба Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президент ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия зарур аст, ки якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ба фаъолияти комиссияҳои доимии маҳаллӣ дар самти ошкор намудани қонуншиканиҳои марбут ба маъракаороиҳо тақвият бахшида,  доир ба бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда тадбирҳои дахлдор андешанд.
Воқеан, мо бо мақсади аз банди худнамоиҳо ва хурофотпарастӣ раҳо кардани мардуми кишварамон, ки дар асоси он баргузор намудани як қатор маъракаҳои беҳудаву серхароҷот роиҷ гашта буд, «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қонун қабул кардем.
Иқдоми мазкурро кулли халқи Тоҷикистон хуш пазируфта, имрӯз ҷонибдори татбиқи ҳатмӣ ва қатъии муқаррароти он  мебошад. Зеро аз риоя ва иҷрои муқаррароти қонуни мазкур буҷети ҳар як оила манфиат дида, беҳбудии сатҳи зиндагии мардум таъмин шуда истодааст ва ин нуктаро бояд ҳар як сокини ноҳия, яъне аз хурд то бузург ба хубӣ дарк намояд.
Дар баробари ин, мехоҳам таъкид намоям, ки тамоми пешрафту дастовардҳои давлат ва рӯзгори хушу осудаи мардум аз ваҳдати миллӣ, суботи устувор ва сулҳу оромии ҷомеа, аз риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ сарчашма мегирад.
Тамоми халқи Тоҷикистон, аз ҷумла шумо, сокинони ноҳияи Тавилдара, низ аз таҷрибаи талхи ибтидои солҳои навадуми асри гузашта хуб медонед, ки дар натиҷаи бо дасисаи душманони хориҷии миллатамон халалдор гардидани суботи ҷомеа, мо ба чӣ ҳол гирифтор шуда будем.
Вале, мутаассифона, ба ҷои шукрона аз сулҳу ваҳдат, оромиву суботи ҷомеа, давлату давлатдории миллати солору бофарҳангамон, ободиву шукуфоӣ ва эътибори байналмилалӣ пайдо кардани Тоҷикистони азизамон вақтҳои охир дар кишварамон баъзе шахсон ба доми фиреби ҳаракатҳои тундрави динӣ ва ташвиқу тарғиби афкоре, ки хилофи мазҳаби аҷдодиамон – ҳанафия мебошад, гароида истодаанд.
Бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳматҳои  пешвои мазҳаби бузургтарини дини мубини ислом Имоми Аъзам, ки фарзанди арҷманди халқи тоҷик аст ва ба хотири шинохти беҳтари асли мазҳаби худамон, ки ҳанафӣ мебошад, инчунин ба доми фиребу найранги бегонапарастон наафтидани мардум, аз ҷумла ҷавонон соли 2009-ум бо Фармони Президенти мамлакат соли бузургдошти ин шахсияти барҷаста эълон гардид.
Яъне мо ба ин иқдом, пеш аз ҳама, ба хотири эҳтироми суннату анъанаҳои пурарзиши миллиамон, ки саҳми бузургу бебаҳси гузаштагонамон дар тамаддуни башарӣ, аз ҷумла тамаддуни исломӣ мебошад, даст задем. Зеро миллати мо яке аз халқҳои куҳантарини олам мебошад ва қотеона мегӯям, ки ба нусхабардорӣ, гароиш ё тақлиди афкору андешаи дигарон, хусусан суннатҳои  мазҳабии бегона эхтиёҷ ва зарурате надорад.  
Итминони комил дорам, ки мардуми шарифу сарбаланди ноҳияи Тавилдара ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст намедиҳанд, фирефтаи бегонапарастон намегарданд ва соли бузургдошти пешвои арҷманди мазҳабамон Имоми Аъзамро бо рӯҳи баланди худшиносиву худогоҳӣ, ифтихор аз таърихи миллати тамаддунсозамон ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷашн мегиранд.
Мо маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ имкон пайдо кардем, ки ба таъриху фарҳанги ғановатманди миллатамон ва шахсиятҳои оламшумули он арҷгузорӣ намоем. Аз ин рӯ, мо бояд аз истиқлолияти давлату миллатамон шукргузорӣ намуда, Ватани аҷдодиамонро бештар дӯст дорем ва ҳамеша дар паи ободиву шукуфоии он бошем. 
Ба ҳамаи шумо, ҳозирини мӯҳтарам ва тамоми мардуми ноҳияи Тавилдара, дар роҳи ободсозии Ватани азизамон барору комёбиҳо ва ба ҳар як хонадон рӯзгори хушу осуда орзумандам.
Барои истиқбол ва пазироии гарму самимӣ ба хурду бузурги ноҳия аз сидқи дил сипосу миннатдорӣ менамоям.
Рӯзгоратон обод ва бахту саодат ҳамеша ёратон бод!
Ташаккур!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6776
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед