logo

мулоқотҳо

Эмомалӣ Раҳмон Андрэ Мерниеро ба ҳузур пазируфт

6 майи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Хартияи Энергетикӣ Андрэ Мерниеро ба ҳузур пазируфт.
Эмомалӣ Раҳмон ва Андрэ Мерние ин мулоқотро идомаи мантиқии сӯҳбате, ки онҳо се моҳ пеш дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия доштанд, маънидод карда, ба таҳкиму густариши ҳамкорӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
“Кишвари мо дорои захираҳои бепоёни энергетикӣ аст ва барои мавриди истифода қарор додани онҳо мо ба ҳамкории васеъ дар ин соҳа манфиатдорем”, - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, “меъёру принсипҳои Аҳдномаи Хартияи Энергетикӣ, ки тамоми ҷанбаҳои фаъолиятро дар ин соҳа фаро мегиранд, заминаи хуби ҳамкорӣ ва истифодаи имкону захираҳои мавҷуда мебошанд”.
Андрэ Мерние дар посух изҳор дошт: -“Мо медонем, ки Тоҷикистон барои раҳоӣ аз бӯҳрони энергетикӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодиёт илоҷи дигаре ғайр аз истифодаи захираҳои гидроэнергетикии худ  надорад” ва таъкид намуд, ки Хартияи  Энергетикӣ омодааст ба татбиқи лоиҳаҳои энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистону Афғонистон мусоидати фаъол намояд.
Дабири кулли Хартияи  Энергетикӣ мусоидат кардан ба эҷоди заминаи боэътимоди ҷалб ва ҳимояи сармоягузорӣ ба соҳаи энергетика ва ба бунёди бозори минтақавии нерӯи барқро аз ҳадафҳои асосии сафари худ ба Тоҷикистон маънидод кард.
Эмомалӣ Раҳмон ва Андрэ Мерние оид ба фаъолгардонии меъёрҳои Аҳдномаи Хартияи Энергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар мавриди ҳамкориҳои энергетикӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва хатҳои интиқол, таъмини транзити озоди нерӯи барқ ва ҳамчунин оид ба сарфакорона истифода бурдани захираҳои обӣ ва нерӯи барқ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Ба гуфти Андрэ Мерние, Хартияи  Энергетикӣ дар сурати  вуҷуд доштани иродаи сиёсӣ  метавонад дар ҳаллу фасли ҳуқуқии баҳсҳои мавҷудаи миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба истифодаи захираҳои обию энергетикӣ саҳмгузор бошад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1956
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед