маориф
МАКТАБҲО МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА СОХТА МЕШАВАНД
Дар ҷавоби мақолаи «Ҳисор: нигаронӣ аз «ҳашармактаб» - ҳо», (21 июли соли 2015)
Бояд қайд намуд, ки бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис ёфта, вазъи муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҳисор пурра мавриди омӯзиш қарор гирифт. Дар натиҷа маълум гардид, ки бинои 12 муассисаи таълимӣ ба азнавсозӣ ва ё ба сохтмони бинои таълимии иловагӣ зарурат доранд.
Бо назардошти дар тавозуни шаҳру ноҳияҳо қарор доштани бинои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ, таъмиру азнавсозии онҳо бояд аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сурат гирад.
Дар назар дошта шудааст, ки иншооти мазкур давра ба давра бунёду азнавсозӣ мешаванд.
Воқеан, мо намедонем, ки натиҷаи «талошҳои зиёди мудири маориф» аз чи иборат мебошад, вале то имрӯз, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор аз уҳдаи кандани қисме аз бинои куҳнаи шуъбаи маориф набаромадааст ва ин ба рафти сохтмони бинои нави шуъбаи маориф халал мерасонад.
Новобаста аз ин, корҳои сохтмонӣ дар ин бино қатъ нашуда, корҳо тибқи нақша идома дорад.
Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва
миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.09.2015 №: 193 Мутолиа карданд: 1292