logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

23 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни баррасии масъалаи кадрҳо, ки дар оғози маҷлис сурат гирифт, аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Лоиҳаҳои қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба қонунҳо “Дар бораи ҳаракат дар роҳ”, “Дар бораи боҷи гумрукӣ”, “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ”, “Дар бораи монополияҳои давлатӣ” ва ҳамчунин ба Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда  шуд.
Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаҳои қонунҳо доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла ба қонунҳо “Дар бораи хизмати давлатӣ”, “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ”, “Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)” ва “Дар бораи маориф” ирсол гардиданд.
Тибқи иловае, ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ҷавобгарии ҷиноӣ барои машғул шудан бо сеҳру ҷодугарӣ хеле шадид карда мешавад, аз ҷумла ба муҳлати то 7 сол маҳрум намудан аз озодӣ пешбинӣ шудааст.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии телевизиони Варзиш, муассисаи давлатии “Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ”, Тартиби индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ, Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаи фондӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуданд.
Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди масъулон доир ба муташаккилона ва босифат анҷом додани рухсатдиҳии сарбозони муҳлати хизмати ҳарбияшон анҷомёфта ва даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ, ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти 9-моҳаи хоҷагии халқи кишвар, омодагӣ ба мавсими зимистон, аз ҷумла масоили вобаста ба омодасозии иншооти таъминкунандаи барқу гармӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаб супоришҳои мушаххас гузошт.
Дар ҷамъбасти маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳозирон ва ҳамаи мардуми Тоҷикистонро бо арафаи иди Қурбон табрик гуфта, нафарони саховатпешаю савобҷӯйро ба кумакрасонӣ ба ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ҳидоят намуд.


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2015    №: 194    Мутолиа карданд: 13147
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед