мулоқотҳо
МАРК РУТТЕ ДАР ҲУЗУРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Шоми 27 сентябри соли 2015 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар ҳошияи саммити ҷашнии 70-солагии Созмони Милали Муттаҳид бо Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд Марк Рутте мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ оид ба масоили ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманди Тоҷикистону Нидерланд мубодилаи афкор сурат гирифт.
"Тоҷикистон ба густариши муносибатҳо бо Шоҳигарии Нидерланд манфиатдор буда, таҳкими иртиботот бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо яке аз вазифаҳои умдаи сиёсати хориҷии мост", - гуфт дар оғози суҳбат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд низ ба густариши ҳамкории судбахш ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ кард.
Таъкид гардид, ки имкону захираҳо барои ҳамкории мутақобилан судбахши Тоҷикистону Нидерланд фаровонанд ва барои мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо эҷоди заминаи мутаносиби ҳуқуқию қарордодӣ зарур шумурда шуд.
Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки чӣ дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва чӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо дар масоили таҳкими амнияти минтақа, тақвияти марзҳо, ҷалби сармоя, ҳифзи муҳити зист, коҳиш додани камбизоатӣ, мудирият ва истифодаи захираҳои обу энергетикаи минтақа, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва таҳкими равандҳои демократӣ ҳамкории муассир дошта бошанд.
Эмомалӣ Раҳмон аз омодагии вазорату идораҳои дахлдор барои истиқболи гурӯҳи ширкатҳои кишоварзии ҳолландӣ, ки бо мақсади шиносоии имкониятҳои кишвар рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон меоянд, ёдовар шуда изҳори умед кард, ки "ин сафари ширкатҳои кишоварзии Шумо ба рушди муносибатҳои мо такони тозае хоҳад дод."
Дар мулоқот, ҳамчунин, оид ба масоили сиёсати ҷаҳонию минтақавӣ гуфтугӯ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.09.2015 №: 195 Мутолиа карданд: 1277