logo

мулоқотҳо

ВОХӮРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БО САРВАЗИРИ ШОҲИГАРИИ ТАИЛАНД

Шоми 28 сентябри соли ҷорӣ дар қароргоҳи СММ, дар шаҳри Ню - Йорк, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд генерал Праут Чан - Оча мулоқот намуд.

"Тоҷикистон ҷонибдори рушди минбаъдаи муносибатҳо буда, ба ояндаи иртибототи худ бо Таиланд бо дидаи нек менигарад", - гуфт дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон.
Сарони давлатҳо масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишварро дар самтҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ баррасӣ намуда, ба мавзӯъҳои ҳамгироии сиёсӣ дар минтақаи Осиё ва арсаи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
Ҷонибҳо  аз ҳолати кунунии муносибатҳои гарму самимӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Таиланд изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати татбиқи босамари санадҳои муҳими ҳамкорӣ, ки моҳи майи соли 2013 дар Таиланд зимни сафари расмии Президенти Тоҷикистон ва моҳи августи соли 2013 дар Душанбе ҳангоми сафари расмии Сарвазири Таиланд доир ба бахшҳои тиҷорат, иқтисод, илму техника, туризм ва ҷалби сармоя ба имзо расида буд, таъкид карданд.
Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ ва маориф изҳори хушнудӣ намуда, ба Сарвазири Шоҳигарии Таиланд барои барқарорсозии бозёфтҳои осорхонаи миллии Тоҷикистон, таъмини хуби таълиму бозомӯзии кадрҳои ҷавон, пешниҳоди барномаҳои гуногуни таълимӣ ва ҷудо намудани бурсияҳо ба мутахассисони Тоҷикистон изҳори ташаккур кард.
Мусоҳибон мавҷуд будани бисёр соҳаҳои дигари ҳамкорӣ, аз қабили истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ, коркарду интиқоли шакар, биринҷ ва рушди туризму хизматрасонии меҳмонхонаҳоро бозгӯи имкониятҳои хуби ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯст арзёбӣ карданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.09.2015    №: 196    Мутолиа карданд: 1372
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед