мулоқотҳо
ГУФТУГӮИ СУДМАНДИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АБДУЛЛОҲ АБДУЛЛОҲ
28 сентябри соли 2015 дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ мулоқот намуд.
"Умедворам, ки саъйю талоши муштараки мо ва тамоми ҷомеаи байналмилалӣ ба таъмини субот, сулҳ ва пешрафти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мусоидат хоҳад кард", - иброз дошт дар оғози суҳбат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо сатҳи кунунии муносибатҳои ду кишварро баланд арзёбӣ намуда, масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисодиёту иҷтимоиёт, энергетика, ҳамлу нақл, маорифро баррасӣ карданд.
Таваҷҷуҳи бештар ба татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон - Туркманистон, омодасозии заминаи бунёди роҳи оҳани Чин - Қирғизистон - Тоҷикистон - Афғонистон - Эрон ва хати барқии баландшиддати КАСА-1000 аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон зоҳир гардид.
Дар мулоқот, инчунин, доир ба масоили амниятӣ, аз ҷумла таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои сарҳадии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва муборизаи муштарак бо унсурҳои терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.09.2015 №: 196 Мутолиа карданд: 1276