logo

фармонҳои президент

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади такмили минбаъдаи тарбияи кадрҳои баландихтисоси дорои таҳсилоти олӣ ва инкишофи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ фармон медиҳам:
1. Таъсиси филиали Донишгоҳи давлатии Москва  ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе маъқул дониста шавад.
2. Фаъолияти  филиали  Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи  Россия амалӣ карда шавад.
3. Қабули  довталабон  ва аттестатсияи хатмкунандагони  филиали  Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе тибқи талабот, тартиб ва мӯҳлати аз ҷониби Донишгоҳи давлатии Москва  ба номи М. В. Ломоносов муқарраргардида ба роҳ монда шавад.
4. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  якҷоя  бо Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар давоми як моҳ  масъалаҳои ташкилию  ҳуқуқии  филиали Донишгоҳи давлатии Москва  ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанберо ҳал намоянд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз соли таҳсили 2009-2010 шурӯъ намуда, маблағгузории филиали Донишгоҳи давлатии Москва  ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанберо  аз ҳисоби буҷети давлатӣ таъмин намояд.
6. Вазорати  корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии муваққатӣ ва тамдиди бақайдгирии муваққатии омӯзгорон ва кормандони хориҷиро, ки аз тарафи  филиали  Донишгоҳи давлатии Москва  ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе даъват мешаванд, таъмин намоянд.
7. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мӯҳлати  ду моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба Фармони  мазкур мутобиқ намояд.
8. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонова Р. А. гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон                  Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 6 майи соли 2009, № 655


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2602
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед