барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ БА ЙОАХИМ ГАУК
3 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Йоахим Гаук барқияи табрикӣ ирсол дошт, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ!
25-умин солгарди Иди миллии кишвари дӯст - Рӯзи Ваҳдати Олмон имконеро фароҳам сохтааст, то Ҷаноби Олӣ ва мардуми Ҷумҳурии Федеративии Олмонро ба ин муносибати таърихӣ табрику таҳният гӯям.
Дастовардҳои назарраси кишваратон муҷиби ба таври бесобиқа боло рафтани обрӯву нуфузи Ҷумҳурии Федеративӣ дар арсаи байналмилалӣ гаштааст, ки ин боиси хурсандии мо мебошад.
Тоҷикистон Олмонро яке аз шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонад ва мо омодаем, ки ҷиҳати бо иқдомҳои мушаххас ғанӣ гардондани мазмуну мундариҷаи ҳамкориҳои худ бо кишвари Шумо тамоми чораҳои заруриро андешем. Изҳори умед менамоям, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, маорифу фарҳанг ва амнияту мубориза бо таҳдидҳо ва хатарҳои муосир дар оянда низ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар рушду густариши пайгир хоҳанд ёфт.
Бо ибрози табрику таҳнияти муҷаддад ба ҷаноби Президент сиҳатии комил ва комёбиву пирӯзиҳои нав ба нав орзумандам. Ба халқи дӯсти Олмон сулҳу субот ва рушду пешрафт таманно дорам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.10.2015 №: 200 Мутолиа карданд: 7053