logo

барқияҳо

БАРҚИЯИ ШОДБОШ БА АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО

12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко барқияи шодбош ирсол дошт, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Муҳтарам Александр Григоревич,
Шуморо бо пирӯзии боэътимод дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Беларус самимона ва сидқан шодбош мегӯям.
Мо ин хабарро бо шодмонии хоса дарёфтем. Такроран интихоб шудани Шумо далели равшани боварии олист, ки ба роҳбарӣ ва хати машйи Шумо дар роҳи шукуфоии кишвар, беҳсозии некуаҳволии мардум ва болобарии бемайлони обрӯи давлати Беларус дар арсаи ҷаҳон зоҳир мегардад.
Тоҷикистон ба муносибатҳои зичи мушорикат бо Ҷумҳурии Беларус, ки ҷавобгӯӣ манофеи миллии ҳарду давлатанд, баҳои баланд медиҳад. Бовар дорам, ки ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистону Беларус дар заминаи принсипҳои эҳтироми якдигар ва дарназардошти манофеи дуҷониба рушду густариши тоза меёбад.
Бо истифода аз фурсат омодагии моро дар роҳи якҷоя бо Шумо ба харҷ додани саъю кӯшишҳои зиёд барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманди миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус иброз медорам.
Ба Шумо, муҳтарам Александр Григоревич, аз самими қалб сиҳатии бардавом, умри дароз ва дар фаъолияти серсоҳаатон муваффақиятҳои нав орзу дорам».

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2015    №: 204    Мутолиа карданд: 7774
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед