туризм
САЙЁҲОН БАРОИ ДИДАНИ БУЗИ МОРХӮР МЕОЯНД
Ҳифзи ҳайвоноти нодири шикоршаванда тадбири муҳимест барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар. Аз 64 ҳазор километри мураббаъ масоҳати мамнӯъгоҳҳои ҷумҳурӣ, ки дар он бузи морхӯр иқомат мекунад, ҳамагӣ 4 ҳазори он ба “Мамнӯъгоҳи Зиғар” - и ноҳияи Дарвоз рост меояд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъд аз он шумори бузҳои морхӯр хеле кам шуда, қариб ба нестӣ расида буд.
Соли 2005 барои ҳифзи ин ҳайвони нодир Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҳифзу афзоиши бузи кӯҳии морхӯр бо номи “Сайёд” ташкил шуд.
- Мувофиқи нишондоди омори ватанию хориҷӣ соли аввали ба фаъолият оғоз кардани ҷамъият дар паҳнои мамнӯъгоҳ ҳамагӣ 38 морхӯр мавҷуд буд, - мегӯяд роҳбари ҷамъият Давлатхони Муллоёр. Имсол шумораи онҳо аллакай аз 400 сар афзудааст. Бар замми ин, берун аз ҳудуди муайяншуда беш аз 30 бузи морхӯр ба ҳисоб гирифта шудааст.
Давлатхони Муллоёр хӯсаи морхӯрро нишон дода шарҳ медиҳад: 8 - 9 - сола, дарозии шохҳояш 1 метру 5 сантиметр аст, 85 - 90 килограмм гӯшти тоза дорад. Вале ҳама бартариҳояш дар қиёс ба як хирому рафтор ва нигоҳҳои чашмони шаҳлояш ҳеҷ аст.
Тамошои морхӯр барои сайёҳони хориҷӣ дар шароити табиӣ ҷолиб аст. Ба онҳо лозим меояд, ки барои шикори морхӯр иҷозатнома гиранд ва маблағи калон сарф намоянд. Аз ин ба буҷети маҳаллӣ даромади зиёд ворид мешавад. Бештар ба Дарвоз сайёҳон аз мамолики Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, Испания, Фаронса ва ғайра меоянд. Тибқи гузориши раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳони Абдураҳмонзода соли гузашта ба буҷети ноҳия аз ҳисоби шикор 608 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст.
Ба гуфтаи Давлатхони Муллоёр ин оғози фаъолияти “Сайёд” мебошад. Дар ояндаи наздик даромад ба буҷет аз ин соҳа меафзояд.
- Аз оғоз то имрӯз зиёда аз 1,2 миллион сомонӣ даромад ба даст овардаем. Кӯшиш дорем, ки саршумори морхӯронро ба 500 сар расонем. Он гоҳ иҷозат медиҳанд, ки аз ҳудуди мо се сарро шикор намоянд ва даромади солона аз 1 миллион сомонӣ афзояд. Барои ҳамин морхӯрон ҳамеша таҳти назорати мо қарор доранд. Бо шарофати ташкили мамнуъгоҳ ба ғайр аз бузи кӯҳӣ боз ҳайвоноти нодир, дарахту гиёҳҳои шифобахш, чашмаҳои мусаффо зери назорат мебошанд ва аз нобудшавӣ эминанд. Беҳбудӣ дар ин ҷо, албатта, ба сарвари он бастагии зич дорад.
Вақтҳои охир, ки хоҳишмандони истироҳату тамошо аз хориҷу дохили кишвар зиёд шудаанд, барои онҳо дар мамнуъгоҳ шароити хубу мусоид фароҳам оварда истодаанд. Хонаҳои як - дуошёна, ҳамом, ошхонаю марказҳои хидматрасонӣ ва сайругашт ба гӯшаҳои хушманзару чашмаҳои оби зулол барои сайёҳон муҳайё карда шудааст.
Гулу бутта ва дарахтони зиёд, барои парвариши занбӯри асал низ мусоиданд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати рушд, ҳифзу афзоиши бузи кӯҳии морхӯр барои “Сайёд” 2370 гектар замин ҷудо намуда буд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз ба таври илова 2400 гектар замини дигарро ба иҷора додааст, ки фаъолияти он фарохтар гардидааст.
- Ҳифзи табиати мамнӯъгоҳ барои зиёд шудани шумораи ҳайвоноту наботот ва ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ омили муҳимтарин аст. Сайёҳон ба дидани ин ҳайвони нодир шавқи беандоза доранд, - мегӯяд Давлатхони Муллоёр.
Адабҷон АМИРҶОНОВ, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.10.2015 №: 207 Мутолиа карданд: 12441