logo

порлумон

БА 13 ҚОНУН ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО ВОРИД ГАРДИД

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ  лоиҳаи ворид намудани як қатор тағйиру иловаҳо  ба кодексу қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.

Фаъолияти мақомоти иҷозатдиҳанда ба танзим медарояд
Қодири Қосим, раиси  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи  давлатӣ, зимни баррасии лоиҳаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» гуфт, ки он ба мақсади такмили  қонунгузорӣ дар низоми  иҷозатдиҳӣ, аз ҷумла дақиқ намудани мафҳумҳо, бартараф сохтани монеаҳои маъмурӣ, ҷорӣ кардани қоидаҳои санҷишҳо, тартиб додани ҳуҷҷатҳои иҷозатномадиҳӣ, таъйини  мақоми ваколатдор оид ба додани иҷозати истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда, мушаххасоти пардохти  иҷозатдиҳӣ, таҳия ва пешниҳод шудааст. Назар ба гуфтаи мавсуф, бо қабули лоиҳа механизми назорати  фаъолияти мақомоти  иҷозатдиҳанда ба танзим медарояд. Мувофиқи лоиҳа Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба додани иҷозат барои истихроҷи  канданиҳои фоиданоки пошхӯрда муайян карда мешавад.
Қабули лоиҳаи мазкур маъмурикунонии гирифтани  ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро кам карда, масъулияти  шахсони мансабдори  мақомоти иҷозатдиҳии ҳукумати электрониро баланд мебардорад ва дар мубориза бо коррупсия мусоидат мекунад.

Тағйирот ба манфиати пасандозгузорон
Нурмуҳаммадзода Ҷамшед, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» иброз дошт, ки он ба мақсади  ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои пасандозгузорон, зиёдшавии боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ, дастгирии ташкилотҳои қарздиҳӣ, рушди  низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ пешниҳод гардидааст. Ба гуфтаи раиси Бонки миллӣ, қариб 90 дарсади пасандозгузорон то 14 ҳазор сомонӣ пасандоз доранд. Ба мақсади ҳифзи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва индексатсияи ҷубронпулиҳо, зиёд кардани андозаи  онҳо аз 7 ҳазор сомонӣ то ба 350 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 14 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, тағйироти дахлдор  ба моддаи 22 - и қонун ворид карда мешавад.

Барасмиятдарории фарзандхонӣ осон мешавад
Саид Нуриддин, вазири маориф ва илм, зимни баррасии  лоиҳаи ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» гуфт, ки он аз ҷиҳати иҷрои банди 39 - уми Нақшаи чорабиниҳо оид ба  вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, аз 26 апрели  соли 2013, барои сода гардондани расмиёти фарзандхонии  кӯдакони ятим омадааст,  таҳия гардидааст.
Ҷиҳати иҷрои талаботи банди мазкур дар Вазорати маориф ва илм аз ҳисоби  вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки он қонунгузориро вобаста ба масъалаҳои  фарзандхонӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, ба як қатор кодексу қонунҳо, аз ҷумла ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва «Дар бораи боҷи давлатӣ» тағйиру иловаҳо пешниҳод  кардааст.
Ба гуфтаи вазир, ба моддаи панҷуми қонуни мазкур тағйиру иловаҳо ворид гардида, банди 20 ба мазмуни зайл пешниҳод шудааст:
«Шаҳрвандон ҳангоми  ба суд пешниҳод намудани ариза оид ба фарзандхонӣ аз додани боҷи давлатӣ озод мебошанд». Ҳамчунин калимаҳои «писархонӣ» ва «духтархонӣ» ба калимаи «фарзандхонӣ» иваз карда шуданд. Тағйироти мазкур барасмиятдарории фарзандхондиро осон намуда, дар таъмини ҳамоҳангӣ дар байни санадҳои меъёрии ҳуқуқии ин соҳа мусоидат мекунад.
Саид Нуриддин зикр кард, ки дар соли таҳсили 2014 - 2015 дар  муассисаҳои таълимӣ 46218 ятим ва аз парастории волидон маҳрумгардида, аз ҷумла 2070 нафар ятими кул, ба қайд гирифта шудааст.

Мубориза бар зидди фоҳишагарӣ пурзӯр мегардад
Бахтовар Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагон, зимни ташреҳи  лоиҳаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки он ба мақсади пурзӯр намудани  мубориза  бар зидди фоҳишагарӣ, ки зуҳуроти нангин ба ҳисоб меравад, нигаронда шудааст. Минбаъд фоҳишаҳо дар ҳолати такрор намудани чунин кирдор ба андозаи аз 20 то 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима гардида, то 15 рӯз ҳабс мешаванд. Қаблан ҷазо танҳо дар шакли ҷарима ба андозаи аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар шуда буд.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2015    №: 208    Мутолиа карданд: 4917
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед