маориф
ДАР ҲАМАДОНӢ СИНФХОНАҲОИ ЗИЁД СОХТА ШУДААНД
(Ҷавоб ба мақолаи «Ҳамадонӣ. Чаро лоиҳаи мактаб хоб аст?» - "Ҷумҳурият" № 169 аз 20.08.2015)
Мавриди зикр аст, ки маблағҳои мутамаркази асосие, ки ба Вазорати маориф ва илм ҳамасола барои сохтмони иншооти соҳаи маориф пешбинӣ мегардад, пурра барои иҷрои қарору супоришҳо ва Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалисозии барномаҳои давлатӣ ва идомаи сохтмони иншоот равона карда шудааст.
Сохтмони муассисаи таълимии № 3 - и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008 - 2015, ки дар хонаҳои шахсӣ, вагонхонаҳо ва биноҳои маъмурию ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгиранд» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи-кистон аз 27.08.2008) ворид гардида, сохтмони он ба уҳдаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва сармояи дохилӣ ва хориҷӣ вогузор гардидааст.
Аз ҷониби Вазорати маориф ва илм сохтмони муассисаи таълимии № 19-и деҳаи Чубеки ноҳия, ки хонандагон дар хайма ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд, ба анҷом расонда шуда, соли 2014 мавриди истифода қарор дода шуд. Дар соли равон аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сохтмони бинои маъмурии шуъбаи маорифи ноҳия ва муассисаи таълимии № 16 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Тагноб пурра ба анҷом расида, иншоооти мазкур рӯзҳои наздик ба истифода дода мешаванд .
Ҳамзамон, аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм сохтмони як қатор муассисаҳои таълимӣ дар марказ ва деҳоти ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ идома дорад.
А. ЗАРИФОВ,
сардори раёсати
сохтмони асосии назди
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.10.2015 №: 211 Мутолиа карданд: 1485