мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҲОМИД КАРЗАЙ
22 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон собиқ Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзайро, ки бо сафари дӯстона ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба рушду густариши муносиботи дӯстӣ ва ҳамсоягии накуи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуданд.
Зимни суҳбати дӯстона доир ба мавзӯъҳои гуногуни вобаста ба муносиботи ду давлати ҳамсоя ва мардуми ҳамфарҳанги онҳо, авзои кунунӣ ва дурнамои Афғонистон ва таъсири он ба минтақа ва ҳамчунин атрофи масоили дигари минтақавию ҷаҳонӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Таъкид гардид, ки барои ҳифзи суботу оромӣ дар минтақа, тарғиби фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва пешгирӣ аз амалҳои номатлуби ҷомеа чун терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз ҳамаи имкону захираҳои мавҷуда фаъолона истифода бояд бурд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.10.2015 №: 213 Мутолиа карданд: 1284