фармонҳои президент
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи таъйин ва озод намудани судяҳо
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Муҳаммадзода Ҳомидҷон Бобоҷон судяи суди вилояти Суғд таъйин гардида, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд озод карда шавад.
2. Қурбониён Сафаралӣ Алихон судяи суди вилояти Суғд таъйин гардида, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Чкалови вилояти Суғд озод карда шавад.
3. Холматзода Сафаралӣ Қурбон судяи суди вилояти Хатлон таъйин гардида, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Вахши вилояти Хатлон озод карда шавад.
4. Аланазарзода Шароф судяи суди шаҳри Душанбе таъйин гардида, аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд озод карда шавад.
5. Холиқзода Халил Ҷумабой судяи суди шаҳри Душанбе таъйин гардида, аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон озод карда шавад.
6. Раҳмонзода Маҳмад Шариф судяи суди шаҳри Душанбе таъйин гардида, аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Ваҳдат озод карда шавад.
7. Саидшозода Зафар Сафаралӣ судяи суди шаҳри Душанбе таъйин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон озод карда шавад.
8. Шуҳратзода Улуғбек судяи суди шаҳри Душанбе таъйин гардида, аз вазифаи судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озод карда шавад.
9. Азизматзода Хуршед судяи суди шаҳри Душанбе таъйин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе озод карда шавад.
10. Солеҳзода Зарина Тағойназар муовини якуми раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ таъйин гардида, аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ озод карда шавад.
11. Муминзода Қутбиддин Қурбоналӣ муовини раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ таъйин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Восеи вилояти Хатлон озод карда шавад.
12. Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло муовини якуми раиси суди ноҳияи Ҳисор таъйин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озод карда шавад.
13. Қурбонзода Қудратулло Саид муовини раиси суди шаҳри Ваҳдат таъйин гардида, аз вазифаи судяи суди шаҳри Ваҳдат озод карда шавад.
14. Мирзозода Неъмат Мирзо раиси суди ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.
15. Мирзозода Манучеҳр Ҳасан судяи суди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд озод карда шавад.
16. Ҷабборзода Фурқат Саттор раиси суди шаҳри Чкалови вилояти Суғд таъйин гардида, аз вазифаи судяи суди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд озод карда шавад.
17. Шарифзода Мавҷуда Рауфӣ раиси суди шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд таъйин гардида, аз вазифаи муовини якуми раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод карда шавад.
18. Зикирзода Лоиқ Хурсандқул раиси суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд таъйин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озод карда шавад.
19. Аҳрорзода Шуҳрат Аслон муовини якуми раиси суди шаҳри Конибодоми вилояти Суғд таъйин гардида, аз вазифаи судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озод карда шавад.
20. Раҳимиён Амрулло Абдуҷабор муовини якуми раиси суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд таъйин гардида, аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд озод карда шавад.
21. Раҳмон Ҷурахон Қурбоналӣ муовини раиси суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъйин гардида, аз вазифаи судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озод карда шавад.
22. Обидиён Шавкатбек Анварӣ раиси суди ноҳияи Вахши вилояти Хатлон таъйин гардида, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон озод карда шавад.
23. Муҳиддинзода Баҳодур Бобохон раиси суди ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон таъйин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон озод карда шавад.
24. Ёқубзода Абдураҳмон Холдор муовини якуми раиси суди шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон таъйин гардида, аз вазифаи судяи суди шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон озод карда шавад.
25. Муродзода Мустафо Маҳмадраҷаб судяи суди шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон таъйин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ озод карда шавад.
26. Ҳайдарзода Зокир Анвар судяи суди ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон таъйин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Вахши вилояти Хатлон озод карда шавад.
27. Ғарибшозода Раҳимшо Қиматшо муовини раиси суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин гардида, аз вазифаи судяи суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.
28. Шерзода Ҷурабек Сангинмурод судяи суди вилояти Суғд, Додоматзода Фахриддин судяи суди вилояти Хатлон, Ализода Эраҷ Асатулло судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, Ғоибназар Амирхоҷа раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон таъйин карда шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 22 октябри соли 2015, № 577
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.10.2015 №: 214 Мутолиа карданд: 1788