фармонҳои президент
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи озод намудани судяҳо
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Шерзода Ҷурабек Сангинмурод бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташ аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд озод карда шавад.
2. Аминзода Дилшод Хуршед аз вазифаи судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Азимова Махфиратҷон Мардоновна аз вазифаи судяи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо ё содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 22 октябри соли 2015, № 576
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.10.2015 №: 214 Мутолиа карданд: 1392