logo

порлумон

ШУКУРҶОН ЗУҲУРОВ: «АЗ ЯК ГЕКТАР 23 СЕНТНЕР ҲОСИЛ ГИРИФТАН АЙБ АСТ»

- Хоҷагиҳои кишоварзӣ соли ҷорӣ аз як гектар замини обӣ ба ҳисоби миёна 23 сентнер ғалла ҷамъоварӣ намуданд, ҳол он ки дар Қазоқистон то 100 сентнер ва аз он ҳам бештар ҳосил ба даст меоранд, - иброз дошт Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, зимни баррасии лоиҳаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ».

Бибидавлат Афзалшоева, вакили Маҷлиси намояндагон, зикр кард, ки мақсади пешниҳоди лоиҳаи мазкур тақвият бахшидани заминаи ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи тухмипарварӣ, муайян намудани ваколатҳои мақомоти дахлдор ҷиҳати амалигардонии сиёсати давлатӣ дар ин самт, таҳкими ҷараёни истеҳсол, фурӯш ва истифодаи навъҳои рустанӣ дар кишвар, мушаххассозии истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растанӣ, танзими давлатии санҷиши навъҳо ва ташкили фонди суғуртавии тухмии рустаниҳо мебошад. Лоиҳа аз 13 қисм иборат буда, ба 20 моддаи қонуни мазкур тағйиру илова пешбинӣ гардидааст.
Ҷамила Саидова, муовини вазири кишоварзӣ, гуфт, ки афзун намудани истеҳсоли зироатҳои кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо аз истифодаи тухмиҳои хушсифат вобастагии хеле калон дорад. Вазифаи асосии тухмипарварон таъмини хоҷагиҳо бо тухмиҳои хушсифат, нигоҳ доштани тозагии навъҳо ва хусусиятҳои биологии онҳо мебошад. Ҳалли масъалаи мазкур қабули маҷмӯи тадбирҳо, аз ҷумла офаридани навъҳои серҳосилу устувори зироатҳои кишоварзӣ, истеҳсол, коркард, сертификатсиякунонӣ ва маркетинги тухмиро дар бар мегирад. Тухмипарварӣ на танҳо барои таъмини бозори дохилӣ, балки барои содирот низ нигаронида шуда, имкон медиҳад, ки самаранокии соҳа ва даромаднокии истеҳсолотро моҳиятан баланд бардорад.
Назар ба гуфтаи муовини вазир, соли равон лоиҳаи нави барномаи рушди соҳаи тухмипарвариро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 таҳия намудаанд. Зарурати қабули барномаи нав дар он аст, ки бахши тухмипарварӣ айни замон ба талабот пурра ҷавобгӯ нест. Талаботи хоҷагиҳо бо тухмии сифатан баланд қонеъ гардонда намешавад. Тухмиҳои репродуксионӣ ва сифаташон паст кишт карда мешаванд. Дар бахши хусусӣ бошад, барои тараққӣ додани тухмипарварии тиҷоратӣ заминаи моддӣ намерасад. Ғайр аз ин, заминаи моддӣ - техникии пажӯҳишгоҳҳои илмӣ -тадқиқотии Академияи илмҳои кишоварзӣ, ки ба селексия ва тухмипарварӣ машғуланд, суст буда, талаботи зарурӣ барои тайёр намудани мутахассисони ҷавон дар ин соҳа эҳсос мешавад.
Ҷамила Саидова зикр кард, ки мутахассисони Вазорати кишоварзӣ якҷо бо олимони соҳа барномаи инвеститсионии рушди соҳаи тухмипарвариро таҳия намуда, барои дастгирӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ пешниҳод намуданд. Инчунин, консепсияи рушди соҳаи тухмипарварӣ барои давраи то соли 2030 рӯзҳои наздик ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.
Ба андешаи Шукурҷон Зуҳуров, он ҳосиле, ки дар Тоҷикистон мерӯёнанд,  дар муқоиса ба дигар кишварҳо хеле паст буда, ба ягон меъёр рост намеояд. Раиси порлумон тазаккур дод, ки соли 2000-ум ба хоҷагиҳои деҳқонии водии Рашт ва Ховалингу Муъминобод 100 тонна тухмии элитаро, ки аз Ҳолланд ворид шуда буд, тақсим карданд. Ҳамон сол дар Рашту Ҷиргатол аз як гектар то 700 -750 сентнер ҳосили картошка рӯёнданд.
Ба таъкиди ӯ, вазифаи асосии Вазорати кишоварзӣ барнома сохтану маблағ ёфтан ва ташкил намудани хоҷагиҳои тухмипарварист. Вазорат сиёсати соҳаи кишоварзиро пеш мебарад ва он бояд ба соҳаи тухмипарварӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳад. Оид ба вазъи соҳа ба Ҳукумати ҷумҳурӣ маълумот пешниҳод намояд. Аз як гектар замини обӣ 23 сентнер ғалла гирифтан айб аст, - иброз дошт Шукурҷон Зуҳуров .

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.10.2015    №: 215    Мутолиа карданд: 5082
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед