барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ БА ГУРБОНГУЛӢ БЕРДИМУҲАММАДОВ
27 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Муҳтарам Гурбонгулӣ Маликгулиевич,
Бо қаноатмандии бузург ба Шумо табрикот ва таманниёти беҳтарини худро ба муносибати иди миллии Туркманистон - 24-умин солгарди Рӯзи истиқлолият ирсол менамоям.
Мо аз он қаноатмандем, ки ҳамкории мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Туркманистон муҳтавои нави мусбати дорои хусусиятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию башардӯстона касб мекунад.
Изҳори умед мекунам, ки муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон минбаъд низ равнақ меёбанд. Мо аз ҷониби худ тамоми кӯшишро ба он равона месозем, ки ин муносибот ҳамаҷониба тақвият ёбанд.
Мехоҳам ба Шумо, Гурбонгулӣ Маликгулиевич, тансиҳатӣ ва комёбӣ, ба мардуми бародари туркман сулҳу субот ва шукуфоӣ таманно бикунам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.10.2015 №: 215 Мутолиа карданд: 8176