барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ БА МИЛОШ ЗЕМАН
28 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Боиси сарфарозии ин ҷониб аст, то Ҷаноби Олӣ, давлат ва мардуми Ҷумҳурии Чехияро ба муносибати фаро расидани солгарди иди миллии кишвари дӯст самимона табрик ва таҳният гӯям.
Дар Тоҷикистон ба густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳо бо Чехия дар соҳаҳои гуногун бо таваҷҷуҳи хоса менигаранд. Тавсеа ва таҳкими беш аз пеши ин муносибот ба манфиати мардуми ду кишвари дӯст ва сулҳу субот дар минтақа хоҳад буд.
Аз ин рӯ, итминони комил дорам, ки раванди ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни ду кишвар густариши тоза касб хоҳанд кард.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба Шумо, ҷаноби Президент, хушбахтиву саломатии бардавом ва ба мардуми дӯсти Чехия хушрӯзӣ ва саодат орзумандам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.10.2015 №: 216 Мутолиа карданд: 8702