logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

28 октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, зимни он аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёт, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”- и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуданд.
Масъалаи асосии маҷлиси Ҳукумати мамлакат муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016” ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017 - 2018 буд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазъи кунунии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистонро таҳлилу баррасӣ намуда,  аз ҷумла тазаккур дод, ки дар 9 моҳи соли равон  таҳти таъсири омилҳои беруна суръати рушди воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 0,5 банди фоиз, гардиши савдои хориҷӣ 17,9 дарсад, аз ҷумла воридоти мол 21,8 дарсад ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 8,1 дарсад коҳиш ёфт ва қурби пули миллӣ ҳамоно таҳти фишор қарор дорад.
“Дар ин муддат  иҷрои буҷети давлатӣ ба андозаи 96,5 дарсад таъмин шуда, ба он 10,8 миллиард сомонӣ ворид гардид, ки ин аз нақша  391 миллион сомонӣ кам мебошад”, - таъкид дошт Сарвари давлат.
Аз ин хотир, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои дахлдор дастур дод, ки дар муҳлати боқимондаи соли равон барои иҷрои пурраи буҷети давлатӣ чораҳои самарабахш андешида, амалӣ намоянд.
Бино ба иттилои Сарвари давлат, ҳаҷми буҷети давлатӣ барои соли 2016 18 миллиарду 306 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли равон қариб 3,3 миллиард сомонӣ ё 19,8 дарсад зиёд аст.
Тавре таъкид гардид, хислати иҷтимоии буҷети давлатӣ оянда низ нигоҳ дошта мешавад ва ба ин хотир дар соли 2016 барои таъмини соҳаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 8 миллиард сомонӣ равона мегардад ва ин маблағ нисбат ба соли равон 581,5 миллион сомонӣ зиёд буда, қариб нисфи ҳаҷми умумии буҷетро ташкил медиҳад.
Дар буҷети соли 2016 ба маблағгузории соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ, аз ҷумла сохтмони иншооти энергетикӣ, нақлиёт ва коммуникатсия диққати махсус дода шуда, ба ин мақсад бо назардошти амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ 6,2 миллиард сомонӣ равона карда мешавад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016” ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017 - 2018 бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.
Дар идомаи маҷлиси Ҳукумат ҳисоботи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ оид ба самараноку мақсаднок истифода бурдани заминҳои хоҷагии ёрирасони вазорату идора, корхонаҳои ғайридавлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғду шаҳри Турсунзода, ҳисоботи раиси шаҳри Конибодоми вилояти Суғд оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” шунида шуд.
Лоиҳаҳои қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, ба қонунҳо “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”, “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” ва “Дар бораи алоқаи барқӣ” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гаштанд.
Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо ҷинояткории муташаккилона” пешниҳод гардид.
Барномаи давлатии барқарорсозӣ ва истифодаи минбаъдаи реактори таҳқиқоти ҳастаии Аргус-ФТИ тасдиқ шуд.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъсиси грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020 тасдиқ шуд, ки тибқи он дар ин муддат ҳар сол 80 грант таъсис дода мешавад. Инҳо 20 гранти иборат аз 40 ҳазор сомонӣ, 20  грант бо 30 ҳазор сомонӣ, 20  грант бо 20 ҳазор сомонӣ ва 20  гранти иборат аз 10 ҳазор сомонӣ хоҳанд буд.
 Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулонро ба масоили вобаста ба сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии дуюми Душанбе ва хати барқии Душанбе - ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, татбиқи лоиҳаи навсозии роҳи мошингарди Қалъаи Хумб - Ванҷ, қитъаҳои Кӯлоб - Шӯрообод ва Шикев - Қалъаи Хумби роҳи мошингарди Кӯлоб - Қалъаи Хумб, назорати сифати роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакент ҷалб намуда, дар наздашон доир ба ҷоннок намудани корҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.
Ҳамчунин доир ба ҷамъоварии беталафи ҳосили фаровони меваю сабзавот, захира кардани он ва омодагӣ ба мавсими зимистон супоришҳои мушаххас дода шуданд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.10.2015    №: 217    Мутолиа карданд: 13157
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед