барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ БА МУҲАММАД АШРАФ ҒАНӢ
28 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Ҷалолатмаоб,
Бо камоли андуҳ хабари рух додани заминларзаро дар якчанд манотиқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки сабаби ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон ва зарари бузурги моддӣ гардидааст, дарёфт намудам.
Бо ибрози ҳамдардии самимӣ ба мардуми бародари Афғонистон аз Худованди мутаол илтиҷо дорам, ки ба наздикони қурбоншудагон сабри ҷамил ато фармояд».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.10.2015 №: 217 Мутолиа карданд: 8869