барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ БА МУҲАММАД НАВОЗ ШАРИФ
28 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари зилзила дар Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки боиси ҳалокати садҳо ва захмӣ шудани зиёда аз ду ҳазор шаҳрванди кишвар ва хисороти бузурги моддӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд.
Аз номи худ, Ҳукумат ва тамоми халқи Тоҷикистон ба мардуми дӯсти Покистон ҳамдардии амиқ изҳор намуда, ба наздикони қурбоншудагон аз даргоҳи Худованди мутаол сабри ҷамил ва ба маҷрӯҳшудагон шифои комил хоҳонам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.10.2015 №: 217 Мутолиа карданд: 9199