барқияҳо
БАРҚИЯИ ШОДБОШ БА РЕҶЕП ТАЙИП ЭРДОГАН
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Ба муносибати фарорасии солгарди иди миллии Ҷумҳурии Туркия Шумо ва тамоми мардуми дӯсти кишварро самимона табрик мегӯям.
Мо аз он қаноатмандем, ки солҳои охир равобит ва ҳамкории ду кишвар густариш ва тавсеаи матлуб ёфт, ки бешак ба манфиати халқҳо ва кишварҳои мо ва суботу амнияти минтақа аст.
Изҳори умед менамоям, ки муносибатҳо ва ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар соҳаҳои гуногун дар оянда низ ба манфиати мардуми ҳар ду кишвар рушду густариш хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз ин фурсати нек ва фараҳбахш ба ҷаноби Президент саломатии комилу муваффақиятҳои рӯзафзун ва ба мардуми Туркия шукуфоиву саодати зиндагӣ таманно дорам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.10.2015 №: 217 Мутолиа карданд: 9402