маориф
ИНОЯТИ ХУСРАВОНӢ ВА СИПОСИ КОМРОНӢ
Имсол дар Кӯлоби бостонӣ қирони саъд аст, яъне ситораи бахт рӯшан аст: ҷашнҳои муҳими фарҳангӣ – 700 - солагии алломаи Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 70 - солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Маркази фарҳангӣ дониста шудани шаҳри Кӯлоб дар миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил. Дар назар дош- та шудани ин се маъракаи бузурги фарҳангӣ диққати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамоми қишрҳои ҷомеа, бахусус фарҳангиёнро ба масъалаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Кӯлобшаҳр махсус ҷалб намуд. Пиру барно вобаста ба ин ҷашнҳо мақсад гузоштанд, ки бо меҳнати фидокорона дар пешрафти ҷомеаи имрӯза бештар аз пештар саҳмгузор бошанд.
Анъанаи неки ниёгонамон будааст, ки ба шарафи қаҳрамоне ва ё шоҳи замон шаҳрро оинабандӣ мекарданд, яъне, шаҳр покизаву ороста карда, зинат меёфта ва ба қабули меҳмони олиқадр омода мешудааст. Ба ҳамин расму оин Кӯлоби бостонӣ оинабандӣ гардида, бо чеҳраи равшан ва табассуми дилнишин меҳмононро интизор шуд.
Меҳмон шахси аз ҳама азизи мардуми Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Чи меҳмони азизе! Соҳибхонаи шарафманд ба манзили худ омад! Дар дили мардуми Кӯлоб он шодӣ ва фараҳе ҳосил шуд, ки назири онро соҳибқирони шоирон Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар азми бозгашти шоҳ Наср бинни Аҳмади Сомонӣ эҳсос карда, ба риштаи назм кашида буд:
Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,
Шоҳ наздат меҳмон ояд ҳаме!
Кӯлоб шаҳри қадима мебошад. Дар тӯли таърих борҳо зафар ва шикастро дида ва борҳо аз захмҳои ҷонкоҳи аҷнабиён худро табобат намуда, қувваи азимашро барқарор ва устувор кардааст.
Вале чунин суръати рушду сабзишро, ки Кӯлоб дар даврони истиқлолият дарёфтааст, аз доираи тасаввурот берун мебошад. Барои собит сохтани ин андеша ва хулоса мисолҳои фаровоне аз кӯчаҳои ободи шаҳр, иморатҳои бисёрошёна ва ҳозиразамон метавон овард. Ҳар яке аз онҳоро, ки маҳсули дасти мардуми меҳнатқарини Кӯлоб аст, месазад, ки ёдовар шавем. Дар ин маврид пеш аз ҳама ҷаҳду талоши беназири Ҳукумати Тоҷикистонро бо сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар боби рушди мактабу маориф, ҷалби олимону донишмандон ба кори таълиму тарбия, мустаҳкамии асоси иқтисодии соҳаро бояд зикр бикунем. Ба як ҷумла метавон хулоса кард, ки таваҷҷуҳ ба пешрафти ин соҳа дар сатҳи олӣ қарор дорад.
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз аввалин мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Дар давоми 70 соли фаъолият он дорои асоси кифоякунандаи моддӣ ва таълимиву тарбиявӣ гардид ва рисолати худро бо сарбаландӣ адо намуд. Дастпарварони он дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, хоса дар соҳаи илму маориф хизматҳои бузурге анҷом додаанд.
Бо вуҷуди заҳматҳо, пешравиҳо ва муваффақиятҳо Институти давлатии омӯзгории Кӯлоб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, яъне соли 1992 унвони Донишгоҳи давлатии Кӯлобро соҳиб шуд. Аз рӯзҳои аввали ба сифати донишгоҳ фаъолият кардан он дорои ихтисосҳои нав гардид, ки мутахассисони соҳаҳои ғайриомӯзгориро низ омода мекард. Устодон ва шогирдони донишгоҳ ёрии ҳамешагии Ҳукумати Тоҷикистон, хоса Сарвари фархундаи худ Эмомалӣ Раҳмонро эҳсос мекард.
Устодони донишгоҳ аз шогирдон ба таври сазовор ифтихор доранд. Вале пешрафт ва таҷдидеро, ки он дар муддати омодагӣ ба ҷашни 70 - солагӣ ҳосил кард, беқиёс аст. Таъмири биноҳои таълимӣ, роҳравҳо, майдончаҳои истироҳатӣ ва ғайра, на фақат ҳусни донишгоҳро афзуданд, инчунин симои Кӯлобшаҳри азизро дигаргун сохтанд.
Дар маркази ин дигаргуниҳои ҳусноро бинои нави таълимии 7 – ошёна нигине дар ангуштарини тиллоии шаҳр гардид. Дар сохмони ин бино зиёда аз 37 млн.сомонӣ маблағ сарф шудааст. Меъморон ва сохтмончиён дар он илм ва таҷрибаи ҳозиразамони шаҳрсозӣ ва меъмориро истифода бурдаанд, ки дар Тоҷикистон назир надорад.
Ин бинои нави ҳозиразамонро, барҳақ, инояти хусравонии Ҷаноби Олӣ ба донишҷӯёну устодон ва кулли сокинони Кӯлобшаҳр мебояд донист.
Ҳайати устодону профессорон, донишҷӯён ва ҳама кормандон, ки дар ободонии донишгоҳ саҳме доштанд, бо меҳру муҳаббат ва самимият роҳи меҳмони арҷманд ва фарзанди азизи халқро интизор буданд. Интизор буданд, ки аз Устоди бузурги зуфунун, ки ақлу хиради азалии ӯ аз фазилати бузургу қадимаи халқи тоҷик нишонаи равшанест, дарси сулҳу дарси дониш бигиранд.
Рӯзи якуми сентябр, ки тамоми Тоҷикистон интизорӣ дошт, фаро расид. Ҷаноби Олӣ бо қадамҳои табаррук ва шукӯҳи хусравона ба дари асосии бинои нав наздик шуданд ва бо дасти муборак ва атокунанда бандинаи рамзиро кушоданд ва ба толори васеи он дохил шуданд. Баъди сайри кӯтоҳ дар ошёнаҳои бино ва суҳбати самимӣ бо устодон ва донишҷӯён ба маҷлисгоҳ баргаштанд ва назди минбар омаданд. Ҳозирон Сарвари азизи хешро бо эҳтироми хоса қабул карданд.
Дарс бо муроҷиати самимона ва суханони зерин оғоз ёфт:
«Устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз!
Ҳамасола бо иштироки Роҳбари давлат оғоз гардидани дарси Сулҳ ва соли нави таҳсил дар кишвари мо гувоҳи равшани эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати мамлакат ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсии ҷомеа, мақому мартабаи илму маориф, маънавиёту маърифат, заҳмати омӯзгорону устодон ва саъю талоши донишҷӯёну хонандагон, яъне, насли ояндасози миллат мебошад».
Ҳамин тариқ, муҳтавои дарс баён гардида, шунавандагонро ба андеша сафарбар намуданд. Ҷаноби Олӣ аз вазъи таълиму тарбия, масъулияти ҳар як шаҳрванд ёдовар шуданд ва изҳори ризоят намуданд, ки дар роҳи тарбияи дурусти ҷавонон аҳли зиёи кишвар, аз ҷумла зиёини Кӯлоб ва минтақа мавқеи устувор ва равшан доранд.
Бо шодмонӣ ба хотир меорем, ки Президенти мамлакат чунин иноят фармуда, хидмати хоксоронаи устодонро қадр карданд:
«Донишгоҳи давлатии Кӯлоб яке аз муҳимтарин мактабҳои олии вилоят ва мамлакат дар давоми ҳафтод соли фаъолияти худ дар қатори дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар тарбияи меъморони маърифату маънавиёт – омӯзгорон ва мутахассисони бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат нақши сазовор гузоштааст…
Бояд гуфт, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб яке аз марказҳои асосии тайёр намудани омӯзгорон ва рушди фарҳангу адаби кишвар ба ҳисоб рафта, ҳазорон нафар дастпарварони он имрӯз дар муассисаҳои гуногуни таълимӣ ва соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллиамон дар ҳамаи минтақҳои кишварамон ва хориҷ аз он фаъолият доранд. Танҳо дар замони соҳибистиқлолии давлатамон ин даргоҳи илму маърифатро қариб 20 ҳазор нафар хатм кардаанд».
Ин суханони Сарвари давлат арҷгузории сазовор ба заҳмати устодони зуфунуни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб мебошад. Ёдовар шудан лозим аст, ки ин муассисаи таълимӣ умри 70-сола дошта бошад ҳам, пешравиҳои ҷаҳишмонанди он, ҳам аз ҷиҳати устувор шудани асоси моддӣ ва техникӣ, ҳам имконоти биноҳои таълимӣ ва таҷҳизот танҳо дар даврони нав – даврони истиқлолияти комили сиёсӣ даст додааст. Агар донишгоҳ дар ибтидо (1945) дорои ду факулта бошад, акнун аз баракати истиқлол соҳиби як шаҳраки зебои донишҷӯён, 10 факулта, 34 кафедра, 42 ихтисос мебошад. Дар он докторҳо ва номзадҳои илм, муаллимон ва ассистентони ҷавони болаёқат ба 8 ҳазор донишҷӯ дарс медиҳанд. Ин рақамҳо гувоҳи он аст, ки 24 соли истиқлолият симо ва сифати ин боргоҳи илму маърифатро ба куллӣ тағйир додааст.
Таъкиди зерини Ҷаноби Олӣ беҳтарин ҳидоят ва роҳнамоӣ мебошад:
«Хотирнишон месозам, ки донистани забонҳои хориҷӣ, дар навбати аввал русиву англисӣ ба ташаккулу тавсеаи мафкура ва ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон мусоидат мекунанд ва ба онҳо барои азхудкунии техникаву технологияҳои навтарин, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ, роҳи васеъ мекушояд».
Дарвоқеъ, ҳамроҳшавӣ ба равандҳои мусбати ҷаҳони муосир танҳо бо роҳи донистани ин забонҳои серистифодаи ҷаҳон ҳосил мегардад. Дар давоми ин андешаи муҳим Сарвари давлат диққати устодон ва шогирдонро ба омӯхтани илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ҷалб карданд. Донистан ва истифода бурдани донишҳои илмию техникӣ на фақат ба баланд гардидани сатҳи зиндагии осудаву сазовор зарур аст, инчунин ҳимояи марзу буми моро таъмин месозад.
Яке аз масъалаҳои муҳими рӯз, ки Ҷаноби Олӣ ба он таъкидан баргаштанд, қабули донишҷӯёни болаёқат ва ташкили имтиҳоноти беғаразона ва шаффоф тариқи тестӣ мебошад. Чуноне ки зикр гардид, ин усули қабул аллакай натиҷаи мусбати худро нишон додааст.
Ҳарчанд ки низоми тестӣ пеши роҳи тасодуфҳои имтиҳони анъанавиро мегирад, зарурати имтиҳони ғайритестӣ низ пурра аз байн нарафтааст. Ҳамин зарурат- ро дар назар дошта Президенти мамлакат пешниҳод карданд, ки навиштани иншо ва кори хаттӣ ҳамчун муайянкунандаи сатҳи воқеии дониш аз нав ба роҳ монда шавад.
Дарвоқеъ, заминаи асосии инкишофи ақлу маърифат забони модарӣ ва адабиёти бадеии ҳар як миллат аст ва ба рушди он пайваста эътибор бояд дод.
Роҳбари давлат бори дигар ба вазъи таълим дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб баргашта таъкиди падарона карданд:
«Имрӯз Донишгоҳи давлатии Кӯлобро зарур аст, ки таҷрибаи пешқадамро дар низоми таҳсилот ва рушди илм амалӣ созад ва барои ноил шудан ба дастовардҳои назаррас кӯшиш намояд. Итминон дорам, ки дар миёни ҷавонони донишгоҳ шахсони боистеъдод, навҷӯ ва навовар зиёд буда, баъди ин вохӯрӣ онҳо ҳам омода мегарданд, ки ба хотири кумак дар рушди иқтисоди миллӣ дастовардҳои хешро пешниҳод менамоянд ва ҷиҳати таҳкими робитаи илм ба истеҳсолот ҳиссаи сазовори худро мегузоранд».
Мақсаду мароми давлати мо танҳо парвариши ҷавонони соҳибилму соҳибкасб набуда, тарбияи ҷавонони хушахлоқ, ватаншиносу ватанпарвар низ мебошад. Тарбия ва таълим бояд пайваста ва баробар ба ҷавонон расонда шавад. Ҳамин пайвас- тагии илм ва ахлоқро дар назар дошта, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид доштанд: «Дар баробари таълим ва рушди илму инноватсия тарбия низ ҳамчун ҷузъи таҳсилот муҳим ва ниҳоят арзишманд мебошад, зеро мусаллам аст, ки бе тарбияи муваффақона ташаккул додани шахсият ғайримкон мебошад. Аз ин лиҳоз, таваҷҷуҳ ба тарбияи насли наврас, дар зеҳни наврасону ҷавонон ҷой кардани хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, ифтихори миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ба камол расондани насли ояндаи мамлакат яке аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва падару модарон ба шумор меравад».
Ҷаноби Олӣ аз он нигаронӣ карданд, ки баъзе ҷавонони ношукр ва гумроҳ ба доми фиреби душманони инсоният меафтанд ва ба халқу Ватани муқаддаси мо хиёнат ва исён мекунанд. Ҳайати профессорон, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар баробари тамоми мардуми Кӯлоб ин гуна рафтори хоинонаро қатъиян маҳкум менамоянд ва ба боварии комил изҳор менамоянд, ки он ватанфурӯшон ба сазо ва ҷазои амали худ мерасанд. Вақт ин ҳақиқатро бори дигар собит сохт.
Президенти мамлакат ҳамеша ба риояи анъанаҳои неку устувори ниёгонамон дар боби маишати рӯзгордорӣ, одоби либоспӯшӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Он кас занону духтарони чаканпӯш ва рӯймоландози кӯлобиро таҳсин карданд ва намунаи ибрату тақлид донистанд.
Роҳбари давлат ҳарчанд ки дар ин сафари бобаракаташон дар ҷашни фархундаи 700-солагии алломаи Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баромади муфассале карда буданд, бори дигар ба зиндагӣ ва осори ӯ рӯ оварданд:
«Ин донишманди бузург, ки мардуми мо ба шахсият ва осори ӯ эътиқоду ихлоси зиёд доранд, таълиму тарбияи фарзанди солеҳ ва тифоқии оиларо асоси суботи ҷомеа медонад, мақоми падарро дар оила муқаддам ва мартабаи модарро муқаддас мешуморад ва мегӯяд: «Ризои падар бузургтарин дари биҳишт аст. Агар биҳишт мехоҳӣ, ин дарро муҳофизат намой».
Дар зимни ин ишорот ва таъкидоташон зикр менамоем, ки рӯзгор ва осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ солҳост, ки дар шуъбаи забон ва адабиёти тоҷики факултаи филологияи тоҷик ва журналистика бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ тадрис мешавад. Аз рӯйи осори пурбаракати ӯ донишҷӯён корҳои дипломӣ ва рисолаҳои хатм таълиф намудаанд ва менамоянд. Фурсатро муносиб дониста мо ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона пешниҳод менамоем, ки мавзӯи «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: аҳвол ва осор» ба барномаи таълимии мактабҳои таҳсилоти олии касбии гуманитарӣ дохил гардад. Бовар дорем, ки ин иқдоми нек дар тарбияи касбӣ ва рушди ахлоқи ҷавонон такони ҷиддие медиҳад.
Сарвари давлат бори дигар ба ҷавонони донишҷӯ рӯ оварда гуфтанд, ки «Даврони донишҷӯӣ на танҳо марҳилаи зебои ҷавонӣ, балки айёми муҳими омӯзиш, аз худ кардани илму дониш, касбу ҳунар ва васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ба шумор меравад. Таҳсил намудан кори хеле душвор ва заҳматталаб мебошад. Такроран таъкид месозам, ки донишандӯзӣ барои шумо ба сифати сармояи аввалин хизмат мекунад… Фаромӯш насозед, ки ояндаи ободи Ватани аҷдодиамон ба донишандӯзии имрӯзаи шумо вобастагии амиқ дорад».
Президенти кишвар дар сухарониашон аз хизматҳои бузурги мардуми Кӯлоб дар пешрафти иқтисодиёт, сиёсат, иҷтимоиёт, маданияти ин сарзамин ёдовар шуданд:
«Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон хизматҳои бузурги мардуми шарифи Кӯлобро ҳамеша бо дидаи қадр менигарад ва ман ҳамчун Роҳбари давлат фидокориву ҷонбозиҳои ҷавонмардони Кӯлобро ҳаргиз фаромӯш намекунам. Сокинони ин шаҳри бостонӣ ҳамеша дастгиру ҷонибдори сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат буданд ва дилпурона изҳор медорам, ки онҳо дар оянда низ бо ташаббусҳои созанда ва саҳми арзандаи хеш ин сиёсатро самимона ҷонибдорӣ хоҳанд кард».
Мардуми Кӯлоб, аз ҷумла устодону шогирдони Донишкадаи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамеша ғамхориҳои бедареғи давлату Ҳукуматро эҳсос мекунанд ва аз он миннатдор мебошанд. Ин даъфа ҳам Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои сифатан баланд гардидани таълим ва устувории базаи техникӣ ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчунин туҳфаҳои пурқимат – компютерҳо, доскаҳои электронӣ ва дигар асбобу анҷоми хониш тақдим карданд.
Ҷаноби Олӣ мукшилоти Донишгоҳи давлатии Кӯлобро хеле дақиқ медонанд. Яке аз ин мушкилот бе манзили зист будани муаллимони ҷавон мебошад. Сабаби асосии аз донишгоҳ рафтани омӯзгорони ҷавон дар ҳамин буд. Аз ин рӯ аст, ки ба ҷавонон туҳфа кардани 25 хонаи истиқоматӣ бисёр хуш пазируфта шуд. Солҳои наздик дар назди донишгоҳ бунёди бинои бисёрқабатаи истиқоматӣ дар назар дошта шудааст.
Дар давоми суханронии Ҷаноби Олӣ аҳли толор борҳо аз ҷой бархоста, эҳтиром ва ҳамовозии худро ба пешниҳодоти муҳими Сарвари давлат изҳор намуданд.
Чун ҳамеша баъди анҷоми маърӯза миёни Президенти мамлакат ва донишҷӯён суҳбати самимӣ сурат гирифт. Муаллимони ҷавон ва донишҷӯён бо меҳру муҳаббати зиёд барои ғамхории пайваста ва ҳадяи бузург – бунёди бинои наву ба таври замонавӣ муҷаҳҳаз изҳори сипос намуданд. Бешубҳа, ин ғамхориҳои доимии давлату Ҳукумат ва сарвари маорифпарвар ҳамаи мо устодон ва шогирдонро ба хониши хубу аъло, ахлоқи наку ва хизмати содиқона ба нафъи халқу Ватан бештар уҳдадор менамояд.
Гуфтан метавон, ки бо сохтмони бинои нави таълимӣ имконияти донишгоҳ боз даҳчанд афзуд. Ҳайати устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ҳисси баланди масъулият миннатдорӣ изҳор медоранд, ки ҳама илму дониш, таҷрибаи зиндагӣ ва ғайрати ҷавониашонро дар роҳи иҷрои супоришҳои Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сарф хоҳанд кард. Онҳо таъкидҳои Сарвари давлатро барномаи равшани кору амали худ медонанд ва бар он мекӯшанд, ки шогирдони донишгоҳ на фақат соҳиби илму дониши касбии ҳозиразамон мешаванд, онҳо инчунин ватандӯстони ҳақиқӣ ва ҷоннисори манфиатҳои халқу миллат ба воя мерасанд.
Абдулло ҲАБИБУЛЛО,
ректори Донишгоҳи давлатии
Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илми физика -
математика, профессор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.11.2015 №: 219 Мутолиа карданд: 1865