барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ БА ВЛАДИМИР ПУТИН
31 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам Владимир Владимирович,
Хабари садамаи мудҳиши ҳавопаймои мусофирбар дар нимҷазираи Синай, ки боиси марги беш аз дусад нафар одам, аз ҷумла кӯдакон гардид, моро ба изтироб овард.
Дар ин соатҳои ҳазин, аз номи тамоми мардуми Тоҷикистон дар робита ба ин фоҷиа ба роҳбарият ва халқи дӯсти Русия тасаллияти амиқ баён намуда, хоҳишмандам ҳамдардии моро ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон расонед».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.11.2015 №: 219 Мутолиа карданд: 9693