logo

мулоқотҳо

Президенти Тоҷикистон ба Ҳукумати Швейтсария арзи сипос кард

14 май  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори иҷроияи гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Мишел Мордасиниро, ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария Тоҷикистонро дар Бонки ҷаҳонӣ намояндагӣ мекунад, ба ҳузур пазируфт.

Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Мишел Мордасинӣ ва Ҳукумати Швейтсария барои намояндагии Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор ва ҳамчунин баҳри дастгириҳои зиёди молиявию техникӣ аз ҷониби  Швейтсария  арзи сипос намуд.
Дар мулоқот оид ба дастгирии тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баҳри коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва натиҷаҳои мулоқот бо намояндагони созмону кишварҳои мададрасон, ки 13 май баргузор гашт, гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Аз натиҷаи мулоқоти роҳбарони сохторҳои дахлдори Тоҷикистон бо намояндагони созмонҳою кишварҳои мададрасон, ки мутобиқи он кӯмакҳои иловагии молиявию техникии зиёд барои татбиқи амалии барномаи зиддибӯҳронии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҷудо гарданд, изҳори қаноатмандӣ  шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба рафти ислоҳоти иқтисодӣ, беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкории хусусӣ, ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва  доир ба азхуднамоии захираҳои фаровони обию энергетикии Тоҷикистон баҳри таъмини рушди бонизоми иқтисодиёти кишвар ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ гуфтугӯ намуданд.

www.president.tj

Мишел Мордасинӣ, директори иҷроияи гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария Тоҷикистонро дар бонки мазкур намояндагӣ мекунад, баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешаҳояшро ба намояндагони воситаҳои ахбори омма чунин иброз дошт:
-Мо бо ҷаноби Президент асосан масъалаҳои вобаста ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва таъсири манфии он ба иқтисодиёти Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор додем.
Дар мулоқот, инчунин барномаи зиддибӯҳронии Ҳукумат, тадбирҳои дар ин самт аз ҷониби ҳайати иқтисоддонҳои кишвар андешидашуда ва масъалаҳои характери дарозмӯҳлатдошта, аз ҷумла он масоиле, ки ба рушди энергетика дар Тоҷикистон дахл доранд, ҳамаҷониба матраҳ гаштанд.
Мишел Мордасинӣ иброз дошт, ки Хазинаи байналмилалии асъор дар бораи ба Тоҷикистон ҷудо кардани 120 миллион доллар санади дахлдор ба имзо расондааст. Ҳамзамон Комиссияи Аврупо тасмим гирифтааст, ки рӯзҳои наздик барои дастгирии кишвари мо маблағи муайян тахсис диҳад. Ба ин мақсад Бонки ҷаҳонӣ низ 20 миллион доллар ҷиҳати дастгирии Буҷети давлатӣ ҷудо хоҳад кард.
Бо итминон метавон гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтаршавии вазъият ва ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои муассир андешидааст. Бонки ҷаҳонӣ ба воситаи сохторҳои худ, яъне созмонҳои байналмилалии молиявӣ барои амалӣ гаштани ин тадбирҳо мусоидат мекунад.

Додоҷон Рӯзиев, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2353
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед