logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҶОН КЕРРИ

3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷон Керриро, ки ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташрифи меҳмони олимақомро “нишонаи таваҷҷуҳи рӯзафзуни маъмурияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба рушду таҳкими муносибатҳои дарозмуддат ва равобити мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон” арзёбӣ намуда, изҳор дошт: “Ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз муҳимтарин авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва барои густариш додани чунин ҳамкории созандаю самараовар мо минбаъд низ кӯшиш ба харҷ хоҳем дод”.
Ҷон Керри дар навбати худ аз имкони мулоқот бо Президенти Тоҷикистон изҳори қаноату хушҳолӣ карда, аз ҷумла чунин гуфт: “Ҷаноби Президент, ман аз қабул ва истиқболи гарму самимии Шумо миннатдорам.
Ман имрӯз бениҳоят хурсандам, ки бо Шумо мулоқот мекунам. Инчунин, аз он қаноатманд ҳастам, ки дар бораи натиҷаҳои вохӯрӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба як хулоса меоем.
Барои ман дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштан боиси хушнудист. Бесаброна интизорам, ки дар ин мулоқот бо Шумо масъалаҳои барои ҳар ду тараф судманд ва мубрамро муҳокима намоем.
Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз он ифтихорманд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон як кишвари соҳибистиқлол аст ва барои ҳалли масъалаҳои иқтисодии хеш талош меварзад.
Мо минбаъд ҳам бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро идома медиҳем. Фикр мекунам, ки ҳамкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Ҷумҳурии Тоҷикистон бесабаб нест, зеро Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои мо муҳимтар буда, он ҳамсояи наздики Афғонистон аст ва инчунин, масъалаи мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир вуҷуд дорад.
Ман омодагии Ҳукумати  Иёлоти Мутта-ҳидаи Амрикоро дар самти баровардани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ таъ-йид менамоям”.
Тавре таъкид гардид, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон арҷ гузошта, омода аст аз истиқлоли давлатӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии он дастгирӣ намояд.
Зикр гардид, ки ҳоло равобити Тоҷикистону Амрико дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва тиҷорат, бахшҳои гуманитарӣ, маориф ва фарҳанг, беҳдошти аҳолӣ, амният, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ғайра бо назардошти манфиатҳои ҳар ду ҷониб ба таври самаранок рушд меёбанд.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистону Амрико барои таҳким ва рушди ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ собитқадамона талош хоҳанд кард.
Дар мулоқот доир ба вазъи кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва ҳамчунин атрофи  доираи васеи масоили минтақавию ҷаҳонӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.11.2015    №: 220    Мутолиа карданд: 1298
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед