logo

мулоқотҳо

ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО БО ИТТИҲОДИ АВРУПО

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 ноябр ҳайати Порлумони Иттиҳоди Аврупоро, ки таҳти роҳбарии Ивета Григуле ба кишвари мо ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни мулоқот Сарвари давлат аз сатҳ ва муҳтавои ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла бо Порлумони Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноат карда, рушди ҳамкории иқтисодӣ ва ҳалли мушкилоти амниятиро аз масъалаҳои муҳим арзёбӣ кард, ки дар раванди муносибот авлавияти хос доранд. «Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҷонибдори боэътимоди ҳамкории фарох бо Иттиҳоди Аврупо ва робитаҳо бо Аврупо ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвари мо пазируфта шудааст», - таъкид доштааст Эмомалӣ Раҳмон.
Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои бунёдии иқтисоди Тоҷикистон, назири энергетика, саноат, кӯҳкорӣ ва кишоварзӣ аз мавзӯҳои меҳварии суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати Порлумони Иттиҳоди Аврупо арзёбӣ мешавад.
Ивета Григуле, роҳбари ҳайат, баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабарнигорон Тоҷикистонро шарики боэътимоди Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ унвон кард. - Таҳкими амнияти марзҳо аз масоили муҳиме буд, ки дар мулоқоти мо бо ҷаноби Президент ба он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Иттиҳоди Аврупо дар мубориза бо терроризм ва таҳкими амният ҳамеша дар канори Тоҷикистон хоҳад буд, - изҳор дошт Ивета Григуле. Ӯ бо ситоиш аз равобити ҳасанаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо иттиллоъ дод, ки  дар самти таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ, назорати қочоқи маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои мавриди назар барномаҳои вижаи ҳамкорие таҳия шудаанд, ки татбиқи онҳо на танҳо ба манфиати Тоҷикистон, балки минтақаву ҷаҳон, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо  хоҳад буд.
- Иттиҳоди Аврупо ба татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос дорад, зеро иҷрои тарҳҳои энергетикӣ дар баробари ҳалли мушкилоти иҷтимоии ин кишвар, ба минтақа, бахусус Афғонистон мусоидат хоҳад кард,- изҳор дошт Ивета Григуле, роҳбари ҳайати Порлумони Иттиҳоди Аврупо.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.11.2015    №: 222    Мутолиа карданд: 1321
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед