logo

паёмҳо

Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати Рӯзи Конститутсия, шаҳри Душанбе, 5 ноябри соли 2015

Ҳамватанони азиз!
Бисту як сол муқаддам дар кишвари мо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид ва мо ин рӯзи воқеан таърихиро ҳар сол бо доир намудани чорабиниҳои сазовори ин санади сарнавиштсоз таҷлил мекунем.
Бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст.
Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот, аз ҷумла ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, эъмори давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд.
Маҳз аз ҳамин хотир, қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо рӯйдоди дорои аҳамияти бузурги таърихиву сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби дигар, бо иродаи озодонаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардидани Конститутсия баёнгари маданият ва ҷаҳонбинии пешрафтаи ҳуқуқии халқи тоҷик мебошад. Аз ин рӯ, ин санади олии ҳуқуқӣ, воқеан, мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти мамлакат ва дастоварди муҳимтарини даврони истиқлол шуморида мешавад.
Майлу иродаи қавии мардум ҳангоми қабули Конститутсия роҳбарияти давлат ва Ҳукуматро ба шоҳроҳи азими дигаргунсозиҳои сиёсиву иҷтимоиву фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун сохт, ки натиҷаҳои ин раванди нек ба ҳама маълуманд.
Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ин санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро инъикос намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ кард ва ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид.
Ҳамчунин, Конститутсия, аз як тараф, барои рушди давлати демократӣ ва таъсиси низоми самарабахши ҳокимияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта, аз ҷониби дигар, барои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат шароити мусоид фароҳам овард.
Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.
Дар асоси меъёрҳои конститутсионӣ кафолати таъмини амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо меҳвари асосии сиёсати давлат эътироф гардида, дар Тоҷикистон заминаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфтанд, ки ин шаҳодати амалишавии ҳамаҷонибаи принсипи гуногунандешии сиёсӣ ба шумор меравад.
Тоҷикистон дар муносибатҳои хориҷии худ сиёсати дарҳои кушодаро пайгирӣ намуда, омодагии худро дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо давлатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ дар асоси принсипи баробарӣ ва эҳтироми соҳибихтиёрӣ эълон дошт.
Дар заминаи татбиқи бомароми меъёрҳои конститутсионӣ дар кишвари мо волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, инчунин ифтихори милливу худшиносӣ ба сатҳи арзиши ҳамешагии ҷомеа бардошта шуд.
Баъдан, тамоми низоми қонунгузории миллӣ ба муқаррароти Конститутсия мувофиқ гардонида шуда, фаъолияти парламенти касбии кишвар ба таҳия ва қабули санадҳои ҳуқуқии ҷавобгӯ ба манфиатҳои давлату миллат, густариш бахшидани раванди демократикунонии ҷомеа ва пешбурди бомароми ислоҳоти иқтисодиву ҳуқуқӣ равона гардид.
Фаъолияти озоди иқтисодиву соҳибкорӣ дар асоси кафолатҳои конститутсионӣ тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии кишвари моро таъмин намуд ва барои муайян кардани сиёсати мутавозин, хусусан, дар самти паст кардани таъсири манфии буҳронҳои молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба иқтисоди миллиамон асоси боэътимод гузошт.
Гузашти солҳо ҳар қадар моро аз қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз дур мебарад, дурустии интихоби роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамон қадар возеҳу аён мегардад.
Мо дар даврони истиқлол, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, ба шарофати эҳтиром ва амалишавии меъёрҳои Конститутсия тавонистем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он фазои озоду демократӣ ҳукмфармо ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафти бемайлон ва пойдориву бардавомии имрӯзу ояндаи давлату миллат таъмин гардидааст.
Бинобар ин, кулли мардуми шарафманду сарбаланди Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи Конститутсия самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар фарди кишвар сулҳу оромӣ, иқболу хушбахтӣ ва файзу баракат орзу мекунам.
Бигзор Конститутсия абадан чароғи роҳнамо ва муайянкунандаи самти роҳи пешгирифтаи давлату миллат ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон бошад!
Саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.11.2015    №: 222    Мутолиа карданд: 14249
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед