қонунҳои ҶТ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015»
Моддаи 1. Ба қисми 5 моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2014 «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, № 11, мод. 642; с. 2015, № 4, мод. 345, № 5, мод. 589, № 6, мод. 642, мод. 643, мод. 644; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 октябри соли 2015, № 1226) пас аз калимаҳои «Дар соли 2015» калимаҳои «воридоти ангишт ба миқдори 7200 тонна барои қонеъ гардонидани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2015 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 4 ноябри соли 2015, № 1227
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 28 октябри соли 2015, № 201
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.11.2015 №: 223 Мутолиа карданд: 1410