маориф
7 МЕДАЛ ҲАНӮЗ ДАСТОВАРДИ ОХИР НЕСТ
Хонандагони гимназия - интернати Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва ПВ» аз Олимпиадаи байналмилалии риёзӣ, ки дар шаҳри Патуми Тайланд доир гардид, бо 7 медал ба Ватан баргаштанд.
Эҳсон Хушбахтов, котиби матбуотии Вазорати маориф ва илм ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ки дастовардҳои шогирдони гимназияи мазкур дастоварди калон аст. Зеро онҳо дар олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ миёни 20 кишвар рақобат карданд.
«Аз 30 октябр то 8 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Патум Тании давлати Шоҳигарии Тайланд 12 - умин Олимпиадаи байналмилалии риёзӣ барои наврасон баргузор гардид, ки дар он хонандагони 20 кишвар ширкат варзиданд.
Дар ин олимпиада Ҷумҳурии Тоҷикистонро 12 нафар хонандаи синфи 7 - и гимназия - интернати Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва ПВ» - Умедҷон Икромов - ҷойи 2, Глеб Петухов, Далер Пиров, Ҳотами Бахтовар, Шохрухҷон Исматов - ҷойҳои 3 ва хонандагони синфи 7 - и литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ - Баҳром Саидошуров ва Муҳаммадшариф Исмоилов, ки ҷойҳои 3 - юмро ноил гардиданд, муаррифӣ намудаанд. Дар маҷмӯъ хонандагони тоҷик соҳиби 1 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ шуданд.
Инчунин, аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Анталияи давлати Туркия Олимпиадаи VII байналмилалии мактаббачагон ва донишҷӯён аз фанни табиӣ - риёзӣ баргузор гардид, ки дар он хонандагони 8 давлат ширкат варзиданд.
Дар ин олимпиада ҷумҳурии моро 11 - нафар хонандаи Литсей - интернати Президентӣ барои кӯдакони лаёқатманди шаҳри Душанбе намояндагӣ карданд. Фотима Ёрзода, хонандаи синфи 6, аз фанни биология - ҷойи 1, Баракатулло Гулов, хонандаи синфи 10, аз фанни химия, ҷойи - 1, Зуҳро Ёрзода, хонандаи синфи 6, аз фанни биология, ҷойи - 2, Муҳаммадиқболи Усмон, хонандаи синфи 8, аз фанни география, ҷойи - 2, Ориён Ҷонмаҳмадов, хонандаи синфи 10, аз фанни география, ҷойи - 2, Азиза Нигматова, хонандаи синфи 7, аз фанни санъати тасвирӣ, рассомӣ, ҷойи - 1, Комила Қурбонова, хонандаи синфи 6, аз фанни санъати тасвирӣ, ҷойи - 2, дар маҷмӯъ сазовори 4 медали тилло ва 5 нуқра гардиданд.
Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илм то имрӯз хонандагони мо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ 125 медал ба даст овардаанд, ки аз ин 28 медали тилло, 31 нуқра ва 66 биринҷӣ мебошад.
Ҳарамгул САНГОВА,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.11.2015 №: 225 Мутолиа карданд: 2146