logo

паёмҳо

ПАРЧАМ НИШОНАИ НАНГУ НОМУС ВА АДОЛАТУ ОСОИШ АСТ

Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, 24 ноябри соли 2015
Ҳамватанони азиз!
Имрӯз дар саросари кишвари азизамон Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ, давлатдории миллӣ ва мояи ифтихору сарбаландии хурду бузурги мамлакат таҷлил мегардад.
Ба муносибати ин ҷашни мубораки миллӣ кулли сокинони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро табрик гуфта, орзуманди он ҳастам, ки Парчами давлати мо ҳамчун нишонаи ифтихору сарбаландии миллати тоҷик дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол то ҷовидон парафшон бошад.
Парчами мо ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ таҷассумгари асосҳои таърихиву мероси арзишманди миллӣ, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормони халқи куҳанбунёдамон ба ҳисоб меравад.
Ин суннати аҷдодӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон собиқаи дерина дорад.  Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ дар аввалин давлатҳои таъсисдодаи гузаштагони мо парчамдори асоси ҳастӣ ва пешбурди корҳои давлат ба ҳисоб рафта, ин суннат дар давраҳои минбаъда низ бо риояи расму таомули хосаи миллӣ идома пайдо кардааст.   
Тоҷикон парчамро ҳамчун нишонаи нангу номус ва адолату осоиш нигоҳдорӣ мекарданд ва ин аст, ки ниёгони мо парафшон будани парчамро бо сарбаландии ҳар як фард баробар дониста, барои ҳифзи он ва то ба рӯзҳои мо идома пайдо кардани ин суннати аҷдодӣ ҷоннисориҳо кардаанд.  
Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ хурду бузурги кишварамон парчамро аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ медонанд ва эҳтиром мекунанд.
Дар робита ба ин, хотирнишон месозам, ки қадршиносӣ ва гиромӣ доштани парчами миллӣ эҳтиром ба миллат, давлату давлатдорӣ ва Ватани маҳбубамон мебошад. Зеро парчами мо дар замони Истиқлолияти давлатӣ василаи асосии таҳкими ваҳдати миллӣ, роҳнамои мардуми кишвар ба сӯи ояндаи нек ва нишонаи побарҷо будани давлати соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳон гардидааст.   
Хусусан, дар пояи баландтарин парафшон кардани Парчами давлатӣ рамзи ифтихору садоқат ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги асили куҳанбунёдамон мебошад, ки маҳз дар замони истиқлол ба вуқӯъ пайваст. 
Ҷиҳати таҳкими суннати парчамдорӣ аз насли ояндасози мо тақозо мегардад, ки маъно ва моҳияти дар чунин баландӣ афрохта шудан ва ҳамеша парафшон будани парчамро дарк намоянд ва фаромӯш насозанд, ки ҳимоя ва афрохта нигоҳ доштани он вазифаи ҷонии ҳар як фарди соҳибватан мебошад.   
Ҳамватанони азиз!
Дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мардуми шарифи Тоҷикистон дар зери парчами давлати тозаистиқлоли худ муттаҳид гардида, давлатдории миллиамонро аз нобудшавӣ наҷот бахшиданд ва пеши роҳи парокандагии миллати тамаддунсози тоҷикро гирифтанд.
Миллати тоҷик зери парчами миллӣ ба ваҳдату ягонагӣ расид ва мо минбаъд низ таҳти ин рамзи муқаддаси миллӣ сиёсати созандаву бунёдкоронаамонро барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва эъмори  ҷомеаи нав - ҷомеаи озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ амалӣ мегардонем.
Аз ин рӯ, бори дигар таъкид менамоям, ки мо бояд дар амри ҳимояи манфиатҳои милливу давлатиамон ҳаргиз зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем.
Дар ин росто, фаромӯш набояд кард, ки муҳаббат ба Парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ нишонаи муҳаббати самимии мо ба Ватан - Модар, миллату давлат ва ифтихор аз онҳо ҷузъи муҳими рисолати ватандориву ватансозӣ ба ҳисоб меравад.
Бинобар ин, ҳар як фарди бонангу номуси кишвар меҳру садоқати худро барои ҳимояи парчам бояд тавассути хизмати содиқонаву софдилона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон собит созад. 
Инчунин, ҳар як фард бояд ифтихор дошта бошад, ки парчами давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад.
Маҳз шинохти суннати парчамдорӣ ва дигар муқаддасоти миллӣ, эҳтирому гиромидошти онҳо моро водор месозад, ки ҷиҳати рушду инкишофи минбаъдаи Ватани азизамон беш аз пеш заҳмат кашем, зираку ҳушёр бошем ва ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегии миллиамон содиқона хизмат кунем.
Соли оянда мо 25-умин солгарди Истиқлолияти кишвари маҳбубамонро таҷлил менамоем. Барои истиқболи сазовори ин санаи фархунда дар баробари анҷом додани тадбирҳои созандаву бунёдкорона  аҳли зиёи кишвар, хизматчиёни давлатӣ, падару модарон ва омӯзгорон вазифадоранд, ки ҷиҳати арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, аз ҷумла бо дарки мазмуну моҳияти суннати парчамдорӣ ба тарбияи наслҳои наврасу ҷавон боз ҳам ҷиддитар машғул шуда, дар ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботу оромӣ ва зиндагии осоиштаи мардуми кишвар саҳми сазовори худро гузоранд.
Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки эҳсоси муҳаббат ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла ба Парчами давлатӣ ҳамчун муҳаббат ба Ватан - Модар бояд дар зеҳни фарзандон аз овони хурдсолӣ тарбия карда шавад.
Мо бояд чунин фазоеро фароҳам созем, ки минбаъд низ тамоми аҳли ҷомеа ва хурду бузурги кишвар таҳти Парчами давлатӣ муттаҳиду сарҷамъ гардида, барои вусъати амалҳои ободкорӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ омода бошанд.
Итминони комил дорам, ки меҳру муҳаббат ва садоқати мардуми шарифи Тоҷикистон ба Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи эътиқоду эътимод ба миллату давлат, тамаддуну фарҳанг ва арзишҳои ахлоқиву маънавии халқамон торафт бештару густурда мегардад ва мо таҳти парчами муқаддаси миллӣ бо заҳмати аҳлона ба эъмори ҷомеаи пешрафтаву мутамаддин муваффақ мегардем.
Орзумандам, ки дар оғози марҳалаи сифатан нави бунёди давлати пешрафта ва амалӣ гардидани нақшаҳои созандаамон Парчами мо ҳамчун ҳумои бахт болои сари сокинони кишвари азизамон ҳамеша парафшон бошад.

Ҷашни Парчами давлатӣ муборак,
ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.15    №: 233    Мутолиа карданд: 15418
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед