илм
ФАВТИ БАРМАҲАЛИ АДИБ АБРОР ЗОҲИР
Субҳи 23 ноябри соли ҷорӣ қалби яке аз сермаҳсултарин адиби муосири тоҷик Аброр Зоҳир аз тапидан боз монд.
Аброр Зоҳир фаъолияти корияшро соли 1982 ба ҳайси мусаҳҳеҳи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» оғоз намудааст. Пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1989, дубора ба рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Хатлон» ба кор меояд. Солҳои баъдӣ дар вазифаҳои масъули кумитаи комсомоли вилоят, ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва Иттиҳодияи ҷумҳуриявии кино ва видеои «Тоҷиккино» фаъолият намудааст. Соли 1998 вазифаи сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ҷаҳони паём», солҳои 2000-2004 директори Телевизиони Тоҷикистон, солҳои 2004-2005 директори киностудияи «Тоҷикфилм» - ро ба дӯш дошт. То соли 2007 ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар фаъолият намуда, аз соли 2007 то соли 2012 ба ҳайси директори Китобхонаи марказӣ - шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият кардааст. Аз соли 2012 то рӯзи вафоташ дар вазифаи директори Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ» - и шаҳри Душанбе фаъолият менамуд.
Марҳум узви Иттифоқҳои нависандагон, кинематографистон ва журналистони Тоҷикистон буд. Хизматҳои шоёнаш дар соҳаи фарҳанг бо унвони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадр карда шудааст.
Ёди неки Аброр Зоҳир ҳамеша дар қалби дӯстон ва ихлосмандонаш боқӣ хоҳад монд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.11.15 №: 234 Мутолиа карданд: 17331