logo

маориф

БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ. МАОРИФ НАБОЯД АЗ МАСЪАЛАҲОИ ЭКОЛОГӢ ДУР БОШАД

Олими олмонӣ ба суоли «Шахси дорои маърифати экологӣ кист?» посух додааст: «Фардест, ки ҳадди ақал зарари хурдтарин ба табиатро пешгирӣ мекунад. Масалан, директори заводе, ки ба дудбарои таҷҳизоти корхона филтр (софкунак) дастрас намудааст, коргаре, ки пасмондаҳои дастгоҳи кориашро на ба ҳар ҷойи ростомада, балки дар зарфи махсусе партофтааст, кӯдаке, ки барои парандагон дар шохи дарахтон лонача сохтааст, кайҳонаварде, ки партовро ба фазо наандохта, дар халтачаҳо ба замин оварда, ба ҷойи безарар гузоштааст, ва амсоли инҳо».
Ҳар қадар аҳолӣ  аз ҷиҳати экологӣ маърифатнок гардад, ҳамон қадар ҷомеа бурд мекунад, муҳити зист ободу зебо ва безарар мегардад. Ҳадафи роҳандозии «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ташаккули ҷаҳонбинӣ  ва тарзи ҳаёти нави ҷомеа, беҳсозии ҳолати муҳити зист ва фароҳам овардани шароити мусоиди зисти аҳолӣ аст. Аммо дар раванди роҳандозии барномаи мазкур  барномаи давлатии қаблӣ, ки солҳои 2000 – 2010 қабул шуд, тарбия ва маърифати экологиро дар муассисаҳои томактабию таҳсилоти ибтидоӣ, тайёр намудани мутахассисон оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар муассисаҳои таълимӣ ва иттилоотонии намояндагони воситаҳои ахбори оммаро дар бар мегирифт. Мутаассифона, сарфи назар аз  маърифати экологӣ ҳанӯз ҳам муносибати бошуурона ва оқилонаи аҳолӣ ба табиат ва муҳити зист дида намешавад. Қисми камбизоати аҳолӣ аксар вақт беихтиёр омили коҳишёбии (деградатсияи) муҳити зист мегарданд. Захираҳои об ва заминро бо партовҳои маишӣ ифлос мекунанд, ҷангалҳоро ҳамчун манбаи  сӯзишворӣ  истифода мебаранд. Низоми  мавҷудаи тарбияи экологии аҳолӣ ва тайёр намудани кадрҳо низ ба таври кофӣ шумораи зарурии мутахассисонро таъмин карда наметавонад ва воқеан, дар ҳамаи соҳаҳои илми  табиатшиносӣ, хоҷагии ҷангал, соҳаи ҳифзи муҳити зист нарасидани мутахассисони баландихтисос ба назар  мерасад. Муҷаҳҳазсозии  нокифояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, усулҳои номукаммали таълим, набудани шабакаи иттилоотӣ  ба сифати таълим таъсири манфӣ мерасонад. Нокифоягии ҳамоҳангсозии шабакаи байниидоравӣ бошад, амалишавии барномаи давлатиро ақиб гузошта, кӯшиши  шахсони серғайратро нисбат ба ҷорӣ намудани усулҳои беҳтарини низоми ташкили тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ дар назар ноаён сохт. Оё ин ва дигар мушкилиҳо барномаи навтаъсисро таъсир намерасонад. Ва чӣ гуна метавон бо вуҷуди камбудиҳое, ки дар амалишавии барномаи қаблӣ монеа гузоштанд, ба роҳандозии барномаи нав шурӯъ кард?
 Гулрухсор Тиллоева, роҳбари бахши иттилоотии Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва масъули Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2020, аз мавҷуд будани мушкилиҳо ибрози андеша намуда, гуфт, ки набудани маблағи кофӣ барои дар амал ҷорӣ кардани нақшаю чорабиниҳо оид ба иҷрои барномаи қаблӣ  монеа гузошт. Алъон барои иҷрои барномаи нав раванди тартиб додани нақшаю чорабиниҳо ва таъсиси Комиссияи давлатии байниидоравӣ оид ба маърифати экологӣ дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ рафта истодааст.
Воқеан,  то ҳол механизмҳои амалкунанда вуҷуд надоранд, ки барои шахсони ҷудогона, гурӯҳҳо ва ташкилоти алоҳида  имкон диҳанд, то дар масъалаҳои ташаккули фарҳанги экологӣ дар асоси  тарбия ва маърифати  экологӣ ҳамчун шарикони давлат нақши масъулиятнок ва пурсамарро дошта бошанд ва дар барномаи мазкур ин механизмҳоро мақсаднок инъикос намоянд. 
Афзалияти маърифати экологӣ бояд чунин маълумоте бошад, ки барои ҳалли масоили дар назди  ҷомеа гузошташудаи  соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологии сатҳи маҳаллӣ, миллӣ ва глобалӣ мусоидат кунад. Чунин мавқеъ имкон медиҳад, ки дурии соҳаи маориф аз масъалаҳои экологии ҷаҳони муосир бартараф шавад.


О. ГУЛБЕРДИЕВА,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.11.15    №: 234    Мутолиа карданд: 5988
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед