қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ПАСАНДОЗҲОИ
ШАХСОНИ ВОҚЕӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 7 - 8, мод. 612) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Сархати ҳафтуми моддаи 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«- пасандозҳои суғурташуда – пасандозҳое, ки тибқи Қонуни мазкур объекти ҳатмии суғурта мебошанд;».
2. Қисми 1 моддаи 16 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«1. Ташкилоти қарзӣ бояд ҳар семоҳа ба андозаи 0,25 фоизи бақияи миёнаи семоҳаи гузаштаи пасандозҳои шахсони воқеии дар ташкилоти қарзӣ мавҷудбуда, ки суғурта мешаванд, ба истиснои пасандозҳои шахсони воқеии дар моддаи 24 ҳамин Қонун номбаршуда, бо пули миллӣ пардохтҳои тақвимии бебозгаштро пардохт намояд.».
3. Номи Боби 5 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«ПАСАНДОЗДОРОН ДАР НИЗОМИ СУҒУРТАИ ПАСАНДОЗҲО. ОБЪЕКТИ СУҒУРТАИ ПАСАНДОЗҲО. АНДОЗА ВА ТАРТИБИ ПАРДОХТИ ҶУБРОНПУЛИИ СУҒУРТА АЗ РӮИ ПАСАНДОЗҲО».
4. Моддаи 211 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 211. Объекти ҳатмии суғурта
Уҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ оид ба баргардонидани пасандозҳои дар суратҳисобҳои бонкӣ гузоштаи шахсони воқеӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар сурати барҳамдиҳии маҷбурии он, ки бо шартномаҳои пасандози бонкӣ ва (ё) суратҳисобҳои бонкии кортҳои пардохтии маош ва нафақа ва ё дафтарчаи амонат тасдиқ шудаанд, объектҳои ҳатмии суғуртакунӣ ба ҳисоб мераванд.».
5. Дар қисми 1 моддаи 22 рақам ва калимаҳои «7000 (ҳафт ҳазор) сомонӣ» ба рақам ва калимаҳои «350 (сесаду панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 ноябри соли 2015, № 1252
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҚАБУЛ КАРДАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО
БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ПАСАНДОЗҲОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 15 октябри соли 2015, № 159
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО
БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ПАСАНДОЗҲОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 ноябри соли 2015, № 139
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.11.15 №: 235-236 Мутолиа карданд: 3173