logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БОЗОРИ КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 6, мод. 456; с. 2014, № 3, мод. 151) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархати ҳафтум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«- биржаи фондӣ – шахси ҳуқуқие, ки дар шакли ташкилию ҳуқуқии ҷамъияти саҳомӣ таъсис ёфта, ташкили савдои коғазҳои қиматнокро амалӣ менамояд ва ҷиҳати мусоидат барои бастани аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок бо роҳи истифодаи низоми савдои биржаи фондӣ хизмат мерасонад;»;
- сархати чилу якум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- ташкилоти нархгузории бозори ғайрибиржавии коғазҳои қиматнок – шахси ҳуқуқие, ки дар шакли ташкилию ҳуқуқии ҷамъияти саҳомӣ таъсис ёфта, ташкил ва таъмини техникии савдои коғазҳои қиматнокро бо роҳи истифода ва дастгирии низоми мубодилаи нархгузории байни мизоҷони ҳамин ташкилкунандаи савдо  амалӣ менамояд;».
2. Дар моддаи 4:
- қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«2. Арзиши номиналии саҳмияҳои эмитент-резидентҳо инчунин метавонад бо асъори хориҷӣ ифода ёбад. Арзиши чунин саҳмияҳо дар санаи барориш набояд аз ҳадди ақалли арзиши номиналии саҳмияҳои бо қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда камтар бошад.»;
- қисмҳои 2 -11 мувофиқан қисмҳои 3 -12  ҳисобида шаванд.
3. Дар моддаи 5:
- қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«3. Арзиши номиналии вомбаргҳои эмитент-резидентҳо инчунин метавонад бо асъори хориҷӣ ифода ёбад. Арзиши чунин вомбаргҳо дар санаи барориш набояд аз ҳадди ақалли арзиши номиналии вомбаргҳои дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда камтар бошад.»;
- қисмҳои 3 - 8 мувофиқан қисмҳои 4 - 9 ҳисобида шаванд.
4. Дар қисми 1 моддаи 36 калимаҳои «аз панҷ фоиз зиёд аст» хориҷ карда шуда, калимаи «даҳ» ба калимаи «бист» иваз карда шавад.
5. Ба моддаи 38 қисми 12 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«12. Тартиби амалӣ намудани фаъолияти брокерӣ дар бозори коғазҳои қиматнок аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.».
6. Ба моддаи 39 қисми 7 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«7.  Тартиби амалӣ намудани фаъолияти дилерӣ дар бозори коғазҳои қиматнок аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.».
7. Дар моддаи 43:
- ба қисми 1 пас аз калимаи «нигоҳдории» калимаҳои «коғазҳои қиматнок,» илова карда шаванд;
- ба қисми 3 пас аз калимаҳои «нигоҳдории коғазҳои қиматнок» калимаҳои «, сертификатҳои коғазҳои қиматнок»  илова карда шаванд;
- қисми 14 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«14. Иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок ва дигар шахсони ҳуқуқӣ ҳамчун муассис метавонанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуздорандаи марказиро таъсис диҳанд. Тартиби фаъолияти маҳфуздорандаи марказӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.».
8. Дар моддаи 44:
- қисми 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«1. Фаъолият оид ба ташкили савдо дар бозори коғазҳои қиматнок ҳамчун фаъолияти биржаи фондӣ ва ташкилоти нархгузории бозори ғайрибиржавии коғазҳои қиматнок эътироф карда мешавад.»;
- қисми 2 хориҷ карда шавад;
- қисмҳои 3 - 12 мувофиқан қисмҳои 2 - 11 ҳисобида шаванд;
- қисмҳои 12 - 16 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«12. Қоидаҳои амалӣ намудани фаъолият оид ба ташкили савдо дар бозори коғазҳои қиматнок аз ҷониби биржаи фондӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок тасдиқ карда мешаванд.
13. Фаъолияти асосии ташкилоти нархгузории бозори ғайрибиржавии коғазҳои қиматнок ин ташкили низоми мубодилаи нархгузории коғазҳои қиматнок байни мизоҷони ҳамин ташкилкунандаи савдо мебошад.
14. Мизоҷони ташкилоти нархгузории бозори ғайрибиржавии коғазҳои қиматнок метавонанд танҳо иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок бошанд.
15. Ташкилоти нархгузории бозори ғайрибиржавии коғазҳои қиматнок вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
- истифодабарӣ ва дастгирии низоми мубодилаи нархгузории коғазҳои қиматнок;
- ба мизоҷони худ додани имконияти дастрасии истифода ва дастгирии низоми мубодилаи нархгузории коғазҳои қиматнок бо мақсади бастани аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок ва дигар воситаҳои молиявие, ки ба муомилот дар ташкилоти нархгузории бозори ғайрибиржавии коғазҳои қиматнок ворид шудаанд;
- ташкили мубодилаи мунтазами нархгузории коғазҳои қиматнок байни мизоҷони ташкилоти нархгузории бозори ғайрибиржавии коғазҳои қиматнок;
- ташкили мубодилаи иттилоот оид ба бастани аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок байни мизоҷони ташкилоти нархгузории бозори ғайрибиржавии коғазҳои қиматнок;
- ба мизоҷони худ пешниҳод кардани иттилооте, ки барои бастани аҳдҳо бо коғазҳои қиматноки ба муомилот дар ташкилоти нархгузории бозори ғайрибиржавии коғазҳои қиматнок воридшуда зарур мебошад.
16. Қоидаҳои амалӣ намудани фаъолият оид ба ташкили савдо дар ташкилоти нархгузории бозори ғайрибиржавии коғазҳои қиматнок аз ҷониби ташкилоти нархгузории бозори ғайрибиржавии коғазҳои қиматнок,  дар  мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок  тасдиқ карда мешаванд.».
9. Дар моддаи 45:
- дар сархати сеюм аломати нуқтавергул «;» ба аломати нуқта иваз карда шавад;
- сархати чорум хориҷ карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 ноябри соли 2015, № 1255

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҚАБУЛ КАРДАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ
ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БОЗОРИ КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 28 октябри соли 2015, № 203

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БОЗОРИ КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни   Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 ноябри соли 2015, № 142
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.15    №: 235-238    Мутолиа карданд: 3246
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед