қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ
ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ БОҶИ ДАВЛАТӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004 «Дар бораи боҷи давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 2, мод. 51; с. 2005, № 12, мод. 630; с. 2006, № 12, мод. 541, с. 2008, № 6, мод. 460, № 12, қ. 2, мод. 1000; с. 2009, № 3, мод. 88; с. 2010, № 1, мод. 8, мод. 10, № 12, қ. 1, мод. 823; с. 2012, № 12, қ. 1, мод. 999; с. 2013, № 3, мод. 190; с. 2014, № 7, қ. 2, мод. 408) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар зербанди «а» банди 1), сархати якуми банди 12) ва сархати якуми банди 13) қисми 8 моддаи 4 калимаҳои «писархонд (духтархонд)» ба калимаи «фарзандхонд» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 5:
- дар қисми 1:
- аз банди 18) калимаҳои «, инчунин аз рӯи парвандаҳои васоят ва писархонд (духтархонд) кардан» хориҷ карда шаванд;
- дар банди 19) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- банди 20 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«20) шаҳрвандон – ҳангоми ба суд пешниҳод намудани ариза оид ба фарзандхондӣ.»;
- дар банди 2) қисми 3 ва банди 2) қисми 4 калимаҳои «писархондӣ (духтархондӣ)» ба калимаи «фарзандхондӣ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 ноябри соли 2015, № 1248
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҚАБУЛ КАРДАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БОҶИ ДАВЛАТӢ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 15 октябри соли 2015, № 161
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БОҶИ ДАВЛАТӢ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 ноябри соли 2015, № 135
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.11.15 №: 235-236 Мутолиа карданд: 3139