қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Банди 4) моддаи 138 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, № 9, мод. 838; с. 2013, № 12, мод. 889, мод. 890; с. 2015, № 3, мод. 210) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«4) Ҳуҷҷате, ки резидентии ғайрирезидентро тасдиқ мекунад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тасдиқ (легализатсия) карда шавад ё ба он апостил гузошта шавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 ноябри соли 2015, № 1244
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ҚАБУЛ КАРДАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 9 октябри соли 2015, № 150
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА
КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 ноябри соли 2015, № 131
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.11.15 №: 235-236 Мутолиа карданд: 3142