қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, № 7-8, мод. 503; с. 2012, № 4, мод. 277, № 8, мод. 833) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Қисмҳои 7 ва 8 моддаи 9 хориҷ карда шаванд.
2. Ба Қонун моддаи 91 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 91. Санадҳои Ҷамоат
1. Ҷамоат дар доираи ваколати худ қарор қабул мекунад.
2. Қарорҳои Ҷамоат, ки дорои хусусияти умумиҳатмӣ мебошанд, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ фиристода мешаванд.
3. Тартиби интишори расмӣ ва мавриди амал қарор додани санадҳои Ҷамоатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
4. Қарорҳои Ҷамоат дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот амал намуда, иҷрои онҳо барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 ноябри соли 2015, № 1243
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҚАБУЛ КАРДАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ
ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 15 октябри соли 2015, № 169
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО
БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 ноябри соли 2015, № 130
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.11.15 №: 235-236 Мутолиа карданд: 2999