қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ
ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2006 «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, № 4, мод.201; с. 2008, № 12, қ. 2, мод.1017; с.2009, № 3, мод. 89; с. 2011, № 3, мод. 178, № 6, мод. 444; с. 2015, № 3, мод. 220) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 1 моддаи 5 калимаҳои «аз тарафи муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунӣ гардонида шаванд, агар дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (легализатсия) шаванд ё ба онҳо апостил гузошта шавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 15 калимаҳои «қонунӣ гардонида шуда бошанд ва дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «тасдиқ (легализатсия) шуда бошанд ё ба онҳо апостил гузошта шуда бошад ва дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 ноябри соли 2015, № 1240
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҚАБУЛ КАРДАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 9 октябри соли 2015, № 140
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 ноябри соли 2015, № 128
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.11.15 №: 235-236 Мутолиа карданд: 3054