қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ
ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ
МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба моддаи 130 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, № 445 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, № 5, мод. 321, №. 9 - 10, мод. 543; с. 2010, № 1; мод. 2, мод. 5, № 3, мод. 153, № 7, мод. 547, № 12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, № 6, мод. 430, мод. 431, № 7 - 8, мод. 610, № 12, мод. 838; с. 2012, № 4, мод. 256, № 7, мод. 685, мод. 693, № 8, мод. 814, № 12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, № 3, мод. 181, № 7, мод. 508; с. 2014, № 3, мод. 143, мод. 144, № 7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, № 3, мод. 201; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2015, № 1219; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2015, № 1220), тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
Матни модда қисми 1 ҳисобида шуда, қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«2. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда, -
ба андозаи аз бист то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ шабонарӯз таъйин карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 ноябри соли 2015, № 1234
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ҚАБУЛ КАРДАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 15 октябри соли 2015, № 174
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 ноябри соли 2015, № 121
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.11.15 №: 235-236 Мутолиа карданд: 3116