logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008,  № 1, қ. 1, мод. 6,  мод. 7; с. 2010, № 1, мод. 6; с. 2012, № 7, мод. 721; с. 2014, № 7, қ. 1, мод. 388, № 12, мод. 821), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 5 моддаи 55 калимаҳои «ё иҷозатномае, ки мақомоти бо қонун ваколатдоршуда додааст,» ба калимаҳои «, ваколатнома ва шаҳодатнома» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 275:
- матни модда қисми 1 ҳисобида шавад;
- дар сархати сеюм пас аз калимаи «ӯ» аломати нуқта гузошта шуда, ҷумлаи нав бо мазмуни зайл илова карда шавад: «Дар сурати ғайриимкон будани ба даст овардани маълумоти мазкур дар ин хусус дар ариза қайд карда мешавад;»;
- дар сархати панҷум пас аз калимаи «ӯ» аломати вергул гузошта шуда, калимаҳои «(ҳангоми фарзандхондӣ дар синни то яксола)» хориҷ карда шаванд;
- қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«2. Аризадиҳанда метавонад дархостҳоеро, ки дар сархати панҷуми қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, зимни омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ ва ё бевосита ҳангоми муҳокимаи судӣ дар шакли хаттӣ пешниҳод намояд.».
3. Дар моддаи 276:
- дар қисми 1:
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- нусхаи шиносномаи шахси (шахсони) ба фарзандӣ қабулкунанда;»;
- сархати сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- ҳангоми фарзандхондии кӯдак аз ҷониби як ҳамсар - розигии хаттии ҳамсари дигар. Дар сурати ҷой доштани ҳолатҳое, ки тибқи қонунгузории оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон розигии ҳамсари дигар талаб карда намешавад, дар ариза маълумоти мазкур қайд шуда, ҳуҷҷатҳои зарурӣ замима карда мешаванд;»;
- дар сархати чорум пас аз калимаи «қабулкунанда)» аломати нуқта вергул «;» ба аломати нуқта иваз карда шавад;
- сархатҳои панҷум, шашум ва ҳафтум хориҷ карда шаванд;
- қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«2. Дар сурати фарзандхонд кардани кӯдак аз ҷониби падарандар (модарандар) ва ё шахси дигаре, ки ҳақиқатан (амалан) бо кӯдаки фарзандхондшаванда ҳамчун аъзои як оила истиқомат доранд,  талаботи сархатҳои сеюм ва чоруми қисми 1 ҳамин модда татбиқ карда намешаванд.»;
- қисмҳои 2 ва 3 мувофиқан қисмҳои 3 ва 4 ҳисобида шаванд.
4. Қисми 2 моддаи 277 хориҷ карда шуда, қисми 3 қисми 2 ҳисобида шавад.
5. Дар моддаи 278:
- матни модда қисми 1 ҳисобида шавад;
- қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«2. Суд парвандаҳоро дар хусуси фарзандхондӣ дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи қабули ариза баррасӣ ва ҳал менамояд.».
6. Дар моддаи 280:
- матни модда қисми 1 ҳисобида шавад;
- қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«2. Суд нусхаи ҳалномаро оид ба бекор кардани фарзандхондии кӯдак дар мӯҳлати се рӯзи баъд аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома барои ворид намудани маълумот дар бораи бекор кардани фарзандхондӣ ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли қабули ҳалнома ирсол менамояд.».
Моддаи 2. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Муқаррароти қисми 1 моддаи 1 Қонуни мазкур аз 27 марти соли 2016 ва қисмҳои 2-6 моддаи 1 Қонуни мазкур  пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шаванд.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 ноябри соли 2015, № 1232

ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ҚАБУЛ КАРДАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон        Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 15 октябри соли 2015, № 167

ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ
ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ
ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ  намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 ноябри соли 2015, № 119


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.15    №: 235-236    Мутолиа карданд: 3179
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед